Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вакили Бундестаги Германияро ба ҳузур пазируфт

Август 6, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 06.08.2019./АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи душанбе  муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода вакили Бундестаг, роҳбари гурӯҳи дӯстии «Германия ва Осиёи Марказӣ» Манфред Грундро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКХ ҶТ иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтҳарт Хёфер-Виссинг ва намояндагони Бунёди “Конрад Аденауэр” ширкат доштанд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Германияро муҳокима намуда, рағбати худро барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ изҳор доштанд.

Ҷонибҳо инчунин оид ба мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимом гуфтугӯи судманд намуданд.

 

Август 6, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид