ОБ ЗАХИРА КУНЕД! Бинобар корҳои таъмирӣ дар баъзе кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад

Август 13, 2019 10:55

ДУШАНБЕ, 13.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз сабаби  оғоз гардидани корҳои  пайвастсозии  шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 900 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 900 мм дар кӯчаи Карамови пойтахт  ба муҳлати як шабонарӯз,  аз соати 23:00–и 14 август то соати 23:00–и 15 августи соли равон интиқоли оби  ошомиданӣ   дар баъзе кӯчаҳои  шаҳри Душанбе муваққатан қать карда ммешавад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки интиқоли оби ошомиданӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  — маҳаллаи Гулистон, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Ҳ.Ҳакимзода, Карамов (аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Ҳ.Шерозӣ), Фирӯз, С.Ғанӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ, Шаҳрчаи тандурустӣ ва Боғи Ирам ва ноҳияи Сино — маҳаллаҳои 11, 12, 13, 14, 15, 15а, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1, Зарафшон 2, Испечак 1, Испечак 2, Испечак 3, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Али Ҳамадонӣ, Навободи боло, Навободи поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло, Лучоби поён, Комсомол, Қазоқон 1, Қазоқон 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав ва кӯчаи Бобо Ҳамдам муваққатан қатъ мегардад.

Ба иттилои манбаъ, тибқи қарори дахлдор, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

«Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад»,- афзуд манбаъ.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш  менамояд, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро  барои як шабонарӯз захира намоянд.

 

 

Август 13, 2019 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд