Паҳлавонони тоҷик барои иштирок дар марҳилаи аввали давраи машқи фишурда ба Япония сафар намуданд
ДУШАНБЕ, 14.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдоро дар ҳайати 6 нафар варзишгар – Хайёмиддин Ҷабборов, Беҳрӯз Хоҷазода, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов бо роҳбарии мураббӣ Владимир Елчанинов 12 август ҷиҳати иштирок дар марҳилаи аввали давраи машқи фишурда ба шаҳри Аомории Япония гусел намуд. Ҷамъомади мазкур аз 12 то 23 август баргузор мегардад. Дар ин бора шореҳи варзиши телевизиони «Варзиш» Муродалӣ Тешаев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои мавсуф, ин тадбири варзишӣ дар асоси Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Япония роҳандозӣ мешавад, ки зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Япония 5 октябри соли 2018 ба имзо расида буд.
Тибқи санади мазкур, ҳокимияти маҳаллии шаҳри Аомори бо дарназардошти захира ва имкониятҳои ҷойдошта барои аз ҷиҳати равонию ҷисмонӣ омодагии ҳамаҷониба дидан дар давраи пеш аз Бозиҳои тобистонаи олимпии XXXII ва паралимпии Токио-2020 метавонад ҳайати варзишгарони тоҷикро ба машқи ройгон фаро гирад.
Давраҳои тамрини фишурда дар ду марҳила амалӣ мегарданд. Баргузории марҳилаи якуми давраи тамрини фишурда аз 11 август то 21 сентябри соли 2019 ба нақша гирифта шуда, марҳилаи дуюми он моҳи июни соли 2020 — як моҳ қабл аз оғози Бозиҳои 32-юми тобистонаи олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 барпо мегардад.








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






