ПАХТА ДАР САҲРО ШУКУФТА… Дар хоҷагиҳои мамлакат ҷамъоварии ҳосил бо маром идома дорад
ДУШАНБЕ, 28.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ баҳри сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ба даст овардаашон аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода менамоянд.
Тавре ки аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз 5 то 23 август дар мамлакат кишоварзон аз 185 ҳазору 670 гектар 2 ҳазору 864 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки 1,0 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Барои ҷамъоварии пахтаи саҳроҳои мамлакат 27 ҳазору 802 нафар чинакчиён ба кор сафарбар гардидаанд.
Барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта масъулини соҳаи кишоварзии ноҳияҳо ва вилоятҳои кишоварзӣ вазифадор гардидаанд, ки дастранҷи марди деҳқонро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Дар вилояти Хатлон деҳқонони ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Қумсангир, Хуросон, Восеъ, Дӯстӣ, Кӯшониён, А.Ҷомӣ, Фархор, Данғара ва Ҳамадонӣ ба ҷамъоварии пахта оғоз намудаанд.
Ёдовар бояд шуд, ки пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ буда, барои саноати сабук баъди алюминий ашёи хом ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ сол то сол майдони кишти пахта дар мамлакат зиёд карда мешавад.
Соҳаи пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Тавассути коркарди он дар Тоҷикистон аз пахта зиёда аз 300 намуди маҳсулоти хоҷагии халқ истеҳсол карда мешавад. Аз як кг нахи пахта ба ҳисоби миёна 5 м лас, 20 м сон (суф), 40—140 адад ришта ғалтак ва аз як кг пунбадонаи пахта 270 г равған, 400 г кунҷора истеҳсол карда мешавад.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






