Парвиз Давлатзода Раиси Шӯрои мудирони ширкати «Alibaba Group» Ҷек Маро ба Тоҷикистон даъват кард
ДУШАНБЕ, 30.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи «Smart China Expo-2019», ки 26-29 август дар шаҳри Чунтсини Чин баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳадаф аз баргузории Намоишгоҳи мазкур содагардонии табодули байналмилалӣ дар мавриди фанновариҳои ҳушманд ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар ин замина мебошад.
Сафири Тоҷикистон дар ҳошияи Намоишгоҳ бо муовини Раиси шаҳри Чунтсин Пан Йичин вохӯрии дуҷониба анҷом дод, ки зимни он мавзӯи таҳким ва тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо шаҳри Чунтсин муҳокима гардид.
Дар Чунтсин Парвиз Давлатзода инчунин бо соҳибкори маъруфи чинӣ, бунёдгузор ва Раиси Шӯрои мудирони ширкати «Alibaba Group» Ҷек Ма мулоқот карда, аз ӯ даъват намуд, ки ҷиҳати шиносоӣ бо имконоти сармоягузории мамлакат ба Тоҷикистон ташриф орад.








Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд






