Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ховалинг аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карда, бо ҷараёни парвариши зироат дар Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1» шинос шуданд

Август 7, 2019 10:08

ДУШАНБЕ, 07.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, бо ҷараёни парвариши зироат дар Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1» дар деҳаи Доробии Деҳоти Ҷомбахт шинос шуданд.

Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ натиҷаи меҳнати сокинон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар заҳматкашони ноҳияи Ховалинг ба таври густурда муаррифӣ карда шуд.

Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳ зикр шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз чор ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, саҳми заҳматкашони ноҳияи Ховалинг низ дар роҳи расидан ба ин ҳадафи олӣ назаррас мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Ховалинг дар шаш моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 16 миллиону 577 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4 дарсад зиёд мебошад.

Дар намоишгоҳ кишоварзони ноҳия намунаҳо аз маҳсулоти гуногуни истеҳсолиро, ки аз майдонҳои киштзори ин минтақаи дилфиребу дорои табиати нотакрори диёр гирдоварӣ гардидааст, ба маъраз гузоштанд.

Кишоварзони ноҳияи Ховалинг дар мавсими соли 2018-2019 дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар самти истифодаи пурсамари замин дар майдони 8 ҳазору 161 гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳориро дар асоси маслиҳати мутахассисон ва интихоби тухмиҳои баланд сифат анҷом додаанд, ки аз ин ҳисоб ҳосили дилхоҳ ба даст овардаанд.

Аснои боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастранҷи кишоварзони ноҳияи Ховалинг зикр гардид, ки меҳнаткашони ноҳия соли равон 751 тонна картоша, 146 тонна сабзавот, 302 тонна гӯшт, 1709 тонна шир, 2,6 тонна пилла, зиёда аз 7 ҳазору 276 тонна хӯроки дурушти чорво ба даст овардаанд ва ҷамъоварии ҳосил феълан низ идома дорад.

Ноҳияи Ховалинг бо меваҳои хуштаъму лазиз ва асали табиии аз ҷиҳати экологӣ тозаю табобатиаш низ имрӯз ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ шуҳрати зиёд дорад.

Феълан дар ноҳия масоҳати боғҳо ба 3 ҳазору 42 гектар мерасад, ки аз ин 87 гектараш токзор мебошад.

Боғпарварони ноҳия соли гузашта аз 1630 гектар майдони боғоти ҳосилдеҳ 6 ҳазор тонна мева истеҳсол ва пешниҳоди сокинон кардаанд.

Аҳли заҳмати ноҳия дар заминаи тадбирҳо дар самти истифодаи пурсамари талу теппаҳои ҳудуди ноҳия ҳамасола майдони боғотро васеъ мекунанд ва соли равон 137 гектар боғи нав бунёд карданд.

Ҳангоми боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастранҷи занбӯриасалпарварон зикр гардид, ки шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия ба 4 ҳазору 143 адад мерасад ва ҳамасола то 60 тонна асали хушсифат истеҳсол мегардад.

Соли равон занбӯриасалпарварон 35 тонна асал ба даст овардаанд ва ният доранд, ки бо гирдоварии пурраи маҳсулот ин нишондодро то ба 70 тонна расонанд.

Тайи солҳои охир ба рушди моҳипарварӣ низ дар ноҳияи Ховалинг таваҷҷуҳ зиёд гардида, феълан дар 6 гектар ҳавз парвариши моҳиҳои сазан, бели амур, гулмоҳӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо навъи моҳиҳое, ки аз ҷониби Хоҷагии деҳқонии «Меҳринигор» дар намоиш ба маъраз гузошта шуда буд, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани ин соҳа ва афзун намудани истеҳоли маҳсулоти моҳӣ дастур доданд.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин чорвои хушзот ба маъраз гузошта шуд ва зикр рафт, ки давоми се соли охир саршумори чорвои калон дар ноҳияи Ховалинг ба 23 ҳазору 390 ва моли майда ба 34 ҳазору 298 сар баробар гардидааст.

Пешвои миллат зимни боздид аз гӯшаи чорвои хушзот дар ин намоишгоҳ бо таваҷҷуҳи хосса ба парвариши чорвои хушзоти хурду калон дастур доданд, ки саршумори зотҳои манфиатовар афзун ва парвариши он дар ноҳия васеъ ба роҳ монда шавад.

Зимни боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1»-и ноҳияи Ховалинг иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ соли 1994 дар майдони 5 гектар таъсис ёфта, феълан дорои 21 гектар замин мебошад.

Аз майдони умумии заминҳои кооператив 10 гектарашро обӣ, 9 гектар лалмӣ ва ду гектари дигарро чарогоҳ дар бар мегирад.

Заҳматкашони Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1»-и ноҳияи Ховалинг аслан ба зироаткорию боғпарварӣ машғул буда, соли равон дар 5 гектар картошка кишт кардаанд, ки феълан нашъунамои хуб дорад ва умед аст, ки то 300- сентнерӣ ҳосил ба даст оварда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ҷараёни парвариши сабзавоти гуногун дар ин кооператив ҷиҳати истифодаи пурсамари замин, кишту парвариши зироати ба обу иқлими ноҳия мувофиқ ва интихоби тухмиҳои серҳосил ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Зикр гардид, ки меҳнаткашони ин кооператив дар кишту парвариши дигар навъи зироат, аз ҷумла гандум, пиёз, зироати техникӣ, полезӣ ва боғпаварӣ низ таҷрибаи хуб доранд.

Дар Кооператив зиёда аз 10 нафар бо ҷойи кор таъмин мебошанд.

Сарвари давлат зимни боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни кишту парвариши сабзавот дар Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1»-и ноҳияи Ховалинг масъулинро ҷиҳати боз ҳам боло бурдани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳои корам вазифадор намуданд.

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва шиносоӣ бо рафти парвариши зироат дар Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1»-и ноҳияи Ховалинг 07.08.2019

Август 7, 2019 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд