РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. 24 август ба зодрӯзи бунёдгузори равияҳои нави илми муосир дар Тоҷикистон-академик Султон Умаров 111 сол пур шуд

Август 24, 2019 12:24

ДУШАНБЕ, 24.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Расо 111 сол муқаддам, 24 августи соли 1908 яке аз бунёдгузорони равияҳои нави илми муосир дар мамлакат, президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон, физики намоён, ходими ҷамъиятиву давлатӣ ва ташкилотчии беҳамтои илм, ки дар пешрафти илму фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон саҳми бузург ва нақши назаррас дорад, академик Султон Умаров чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат аз 20 марти соли 2001 дар қатори чеҳраҳои мондагор-Айнӣ, Ғафуров, Лоҳутӣ, Турсунзода, Улуғзода, Баҳоваддинов ва дигарон номи академик Султон Умаровро ҳам зикр намуда, махсус таъкид карданд, ки ному шӯҳрати онҳо аз Тоҷикистон берун рафта, дар тамоми ҷаҳон мавқеъ ва мақоми намоён доштааст: «Сирри маҳбуби тамоми халқ гардидани ин фарзонагони миллат дар он нуҳуфтааст, ки онҳо халқу ватани худро беҳад дӯст медоштанд, худ аз пайи шӯҳрат нагаштанд, балки меҳнати ҳалол ва бедареғ онҳоро ба боргоҳи иззат ва эътибори умумихалқӣ бардошт».

Саҳифаҳои рангини зиндагии Султон Умаров ҳамчун олим, омӯзгор, шоир ва нотиқи оташинсухан дар китоби фалсафиву публисистии Акбар Турсунов «Қирони саъд» ба таври васеъ ва муфассал инъикос ёфтааст. Муаллиф, ки охири солҳои 50-уми асри XX ҳамчун донишҷӯи қобил ва оқили факултети физикаву математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз устод Султон Умаров таълим гирифтааст, дар як қисмати китоб «Марди комрон» фаъолияти илмиву омӯзгорӣ ва ташкилотиву ҷамъиятии ӯро хеле моҳирона ва ҳақбинона тасвир кардааст. Мо ҳамчунин аз хотирот ва тадқиқоти як зумра ашхоси маъруф, ба мисли академикҳо М. Осимӣ, Р. Баротов, А. Адҳамов, Ю.Носиров, профессор Усмонҷон Ғаффоров ва дигарон, ки шодравон Умаровро ба хубӣ мешинохтанд, истифода бурдем.

Зиндагинома, ҳаёт, рӯзгор ва фаъолияти гуногунҷанбаи ин абармарди илм барои хонандагон, махсусан насли наврас намунаи ибрат аст. Ин фидоии илм дар маҳаллаи машҳури Гузари Охуни шаҳри Хуҷанд, ки бо номи Довудхӯҷа низ машҳур аст, дар оилаи ҳунарманд ба камол расидааст.

Ба нақли додарзодаи олим-ходими давлатӣ Илҳом Умаров, Султон Умаров аз бачагӣ бисёр серҳаракат, хушфеъл, зирак, инсондӯст ва ширинсухан буда, ба ғайр аз хондан ба пухтани хӯрок, нонпазиву дӯзандагӣ низ шавқ доштааст. Ӯ дар мактаби маҳаллаи Оғукони Хуҷанд, дар ҳавлии берунии яке аз шахсиятҳои пешқадами ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов таҳсил мекунад.

Соли 1923 Султони 15-сола бо мақсади андӯхтани дониш роҳи шаҳри бузург ва маркази маъмурии Туркистон-Тошкандро мегирад. Ба техникуми педагогӣ дохил гардида, баъди чор сол онро бо баҳои аъло хатм мекунад. Савияи баланди донишу маҳорати истеъдоди камназири Султон Умаровро ба назар гирифта, маъмурияти техникум ӯро ба пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон-шаҳри Самарқанди бостонӣ роҳхат медиҳад.

Замони таҳсил диққати Султон Умаровро фанҳои дақиқ, махсусан риёзиёту табиатшиносӣ ҷалб карда буд. Аз ин лиҳоз, вай ба факултети математикаю табиатшиносии Академияи педагогии Самарқанд дохил шуда, ба соҳаи физика таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Замони таҳсил дар Академияи педагогӣ Султон Умаров илмҳои адабиёт, таърих ва ҳунарро худомӯзона фаро гирифт. Малакаи баланд ва дониши густурдаи ӯро ба назар гирифта, иҷозат доданд, ки солҳои 1928-1929 дар курсҳои махсуси муаллимтайёркунӣ ва ҳам дар яке аз факултаи коргарии Самарқанд ба таълим машғул шавад.

Ибтидои соли 1931 барои Султон Умаров оғози соли нек ва фаромӯшнашаванда гардид. Он сол аввалин донишҷӯёни Академияи педагогӣ таҳсилро анҷом доданд. Аз байни онҳо Султон Умаровро ҳамчун хатмкунандаи боистеъдод ва дорои қобилияти баланди илмӣ-педагогӣ дар академия ба кор монданд. Соли 1933 Султони боистеъдоду ояндадорро барои таҳсил ба аспирантураи Институти физикӣ-техникии Ленинград (Санкт-Петербург) фиристоданд. Ӯ соли 1936 аз байни аспирантони гурӯҳ нахустин шуда, рисолаи номзадӣ дифоъ кард.

Дар он солҳо аз байни халқҳои Осиёи Миёна аввалин шуда, се нафар толибилми тоҷик –Султон Умаров дар соҳаи физика, Тошмуҳаммад Қорӣ Ниёзӣ дар соҳаи математика ва Зариф Раҷабов дар соҳаи таърих рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Хабари дар шаҳри Ленинград аз тарафи фарзанди халқи тоҷик Султон Умаров ҳимоя кардани рисолаи номзадӣ ҳамчун пайғоми нек дар ҳама ҷо тез паҳн шуд.

Дар ин хусус олими намоён, шогирди бевоситаи Султон Умаров академик Муҳаммад Осимӣ чунин ёдоварӣ мекунад: «Ҳамон вақтҳо дар рӯзномаи мо хабаре ба табъ расид. Дар он, аз ҷумла гуфта мешуд, ки Султон Умарӣ ном тоҷикписари хуҷандӣ дар шаҳри Ленинград аспирантураи Институти физикаю техникаи АИ СССР-ро хатм карда, дар соҳаи физикаи назарӣ тадқиқоти тозаи пурарзиш анҷом дода, соҳиби унвони илмӣ шудааст. Ростӣ мо-талабагони мактаби миёна бо шунидани ин хабар ба ваҷд омадем. Рӯзнома дар даст кӯча баромада, роҳгузаронро нигоҳ дошта, мепурсидем, ки оё инҳо хушхабарро шунидаанд?

Оре, ин хабар барои мо, ҷавонони онвақта аҳамияти фавқулода дошт. Охир, дирӯзакак маъракаи маҳви бесаводиро анҷом дода будем. Аз байни тоҷикон олим ба камол расидааст. Он ҳам дар соҳаи мушкилтарини физика. Мо ҳақ доштем, ки аз ин хабар курта-курта гӯшт гирем. Он шавқи моро ба хондан даҳчанд афзуду ҳар кадом дар дил орзӯи илмомӯзиро мепарваридем».

Султон Умаров баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ дотсент, андаке пас мудири кафедраи физикаи назариявии Университети давлатии Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд интихоб гардид. Номбурда мекӯшид, ки аз байни хатмкунандагони мактабҳо ҷавонони болаёқат ва шавқманди илму донишро дарёбад ва онҳоро ба ин боргоҳи илм ҳидоят намояд. Соли 1937 ӯ меҳмони зодгоҳаш мегардад. Рӯзи дувум ба мактабе, ки дар он таҳсил карда буд, меояд. Ба ҳозирин дар бораи Университети давлатии Ӯзбекистон нақл карда, аз ҷавонон даъват мекунад, ки ба факултетҳои он дохил шаванд. Инчунин ба довталабон суроғаи хонаашро  дода, мегӯяд, ки ҳангоми ба Самарқанд омадан сарсон нашаванд. Яъне академик Умаров дар тарбияи кадрҳои ҷавони тоҷик низ саҳми назаррас дорад.

Малакаю маҳорати Султон Умаровро ба назар гирифта, ӯро соли 1943 ба мансаби баланди давлатии ҳукуматӣ-ҷонишини раиси Совети комиссарони халқи РСС Ӯзбекистон оид ба корҳои маориф, маданият ва нигаҳдории тандурустӣ таъйин карданд. Яке аз воқеаҳои фараҳбахши илму фарҳанги РСС Ӯзбекистон бо ташаббусу иштироки фаъолонаи Султон Умаров таъсис ёфтани Академияи илмҳои ин ҷумҳурӣ мебошад.

Дар китоби академик Тошмуҳаммад Қорӣ Ниёзӣ «Очерки таърихи маданияти Ӯзбекистони советӣ» оид ба равнақу ташаккули илми физикаи Осиёи Миёна маълумот фароҳам оварда шуда, зикр гардидааст, ки ин илм дар қаламрави Осиёи Миёна таърихи куҳан дорад. Формулаи биноми Нютонро ҳанӯз олимони мо кашф карда буданд.

Муаллифи китоб ёдовар мешавад, ки дар давраи шӯравӣ ин анъанаро физики намоён, академик Султон Умаров идома додааст. Дар ин маврид ӯ ба аввалин тадқиқоти дар мавзӯи назарияи ҳаракати броунии системаҳои яклухт анҷомдодаи Султон Умаров ишора мекунад. Т.Қорӣ Ниёзӣ дар бораи таърихи ташкили Академияи илмҳои РСС Ӯзбекистон сухан ронда, махсусан дар синни 35-солагӣ ҳамчун академик ба ҳайати он интихоб шудани Султон Умаровро ҳодисаи фараҳбахш ба қалам меоварад.

Моҳи марти соли 1957 олимони Тоҷикистон фарзанди арзанда Султон Умаровро ба ҷои устод Айнӣ ба сифати президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон ҷойгузини шоиста донистанд. Дар хусуси ба Тоҷикистон даъват шудани ӯ собиқ раиси Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон Назаршо Додхудоев дар мақолааш «У истоков науки в Таджикистане» менависад, ки баъди вафоти Садриддин Айнӣ ба ҷумҳурӣ шахсияте лозим буд, ки дар мақоми президенти Академия ҳамрадифи устод бошад. Дар Тоҷикистон он солҳо чунин шахсро пайдо карда наметавонанд.

Дар яке аз сафарҳо ба Москва Турсун Ӯлҷабоев ва Назаршо Додихудоев бо котиби якуми КМПК Ӯзбекистон Нуриддин Муҳиддинов ҳамсуҳбат шуда, аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки аз байни тоҷикон-олимони номии Ӯзбекистон нафареро ба вазифаи роҳбари АИ РСС Тоҷикистон тавсия диҳад. Ҳамин тавр моҳи марти соли 1957 Султон Умаров ба Сталинобод омада, вазифаи пурифтихору масъули сарварии муаассисаи муҳташами илмиро бар дӯш мегирад.

Ба муносибати президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон интихоб шудани Султон Умаров дар Академияи илмҳои РСС Ӯзбекистон нишасти хайрбод ташкил мегардад. Академик Умаров дар суханрониаш зикр мекунад, ки «ман зодаи Тоҷикистонам ва Ӯзбекистон маро хононд ва то дараҷаҳои баланди илмӣ расонид. Имрӯз насиб будааст, ки ба халқи азизам-тоҷикон хизмат кунам. Ман омодаам, ки минбаъд чун академики Академияи илмҳои ду ҷумҳурии бародар-Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар инкишофи илм саҳм гузорам…».

Давраи президентии академик Умаров дар Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон, мутаассифона, кӯтоҳ буд. Аммо дар  ҳамин муддати андак корҳои зиёде ба анҷом расиданд, заминаи моддию техникии Академия мустаҳкам гардид. Ҷавонони соҳибистеъдод ба майдони илм омаданд, озмоишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои нав ташкил ёфтанд. Хусусан, дар ин давра тағйироти куллие дар ин кохи бузурги илму фарҳанг ба вуҷуд омад. Танҳо дар солҳои 1958-1963 бо саъю эҳтимоми ин фидоии илм ба аспирантураи Академия беш аз 500 нафар ҷавонони соҳибистеъдод қабул гардида, 8 нафар доктор ва 110 номзади илм тайёр карда шудаанд.

Моҳи апрели соли 1964 президенти дардманд, як моҳ қабл аз фавт ба шаҳри Москва, ба маҷлиси ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии илм ва техникаи Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ меравад. Дар ин маҷлис масъалаи дар Тоҷикистон таъсис додани пажӯҳишгоҳҳои физикаю техника, иқтисод, физиология ва биофизикаи растаниҳо муҳокима мешавад. Ин пажӯҳишгоҳҳо муассисаҳои пешбарандаи илмии АИ РСС Тоҷикистон гардида, дар ҳалли мушкилоти амалии илмҳои бунёдӣ саҳм гузоштанд. Яъне бо мусоидати бевоситаи академик Умаров дар мамлакат равияҳои комилан нави илм-зилзиласанҷӣ, астрофизика, биофизика ва ғайраҳо ташаккул ва рушду камол ёфтанд.

Ба нақли шогирдони академик Умаров, дар чунин фосилаи на он қадар зиёди сарварӣ (аз марти 1957 то майи 1964) се масъалаи тақдирсози илми ояндаи тоҷик-тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ, мустаҳкам ва ташаккул додани пойгоҳи моддию техникии пажӯҳишгоҳ ва озмоишгоҳҳои академикӣ, созмон додани равияҳои нави илми муосир дар Тоҷикистон   амалӣ гардид.

Ин абармарди илм умри кӯтоҳи пурбаракат дида, дар инкишофу равнақи илм ва фарҳанги ду ҷумҳурии бародари иттифоқ корҳои шоён ба сомон расонидааст. Султон Умаров соли 1946 барои хидматҳои калонаш дар тараққии маълумоти олӣ ва илм ба муносибати 25-солагии Университети давлатии Осиёи Миёна (САГУ) бори дуюм бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат қадрдонӣ гардид.

Асарҳои Султон Умаров ба масъалаҳои механикии оморӣ, физикаи ҳастаӣ, электроника, назарияи асбобҳои нимноқил ва фалсафаи табиатшиносӣ бахшида шудаанд. Дар он солҳо ӯ назарияи қонунмандии сифати барқгузаронии нахи пахтаро бо назардошти миқдори ҷазбшудаи рутубат пешниҳод намуд. Ҳамзамон дар асоси назарияи омории тағйир ва ҷаббиши моеъот вобастагии барқгузаронии нахи пахта аз ҳисоби ҳаҷм мавриди шарҳу тафсири ҷиддии илмӣ қарор гирифт. Натиҷаи ин тадқиқот аҳамияти калони илмию амалӣ дошт, аз ҷумла дар асоси ин дастовардҳои муҳим асбоби баландҳассос-рутубатсанҷ сохта шуд.

Яке аз хусусиятҳои хоси олимони бузург он аст, ки дар  соҳаҳои дигар низ истеъдоди худодод доштанд. Масалан, олими машҳури асри XX, физики немис Алберт Эйнштейн дар баробари олими номӣ буданаш мусиқинавози беҳамтои пайрави Мосарт буд. Риёзидони машҳури рус Софя Ковалевская дар як вақт бо пажӯҳиши илмӣ аз эҷоди бадеӣ низ худро дур намегирифт. Султон Умаров ҳам истеъдоди фавқулодаи таҳқиқотӣ дошт, ҳам ташкилотчии мумтози илму фарҳанг ва ҳам шоиру драматург ба шумор мерафт.

Яке аз аввалин асари саҳнавие, ки Султон Умаров соли 1938 навишта буд, «Ӯлмас» («Ҷовид») ном дошта, онро театри драмавии Тошканд ба номи Ҳамза ба намоиш гузошт. Дар ин асар меҳнати қаҳрамононаи зиёиёни солҳои 30-юми асри XX дар иҷрои вазифаҳои муҳими давлатӣ, дӯстию рафоқати намояндагони миллатҳои соҳибихтиёри мамлакат дар образи Ӯлмас Олимов, Александр Сергеевич ва дигарон нишон дода шудааст.

Ба ҷуз ин чанд асари драматургӣ, аз ҷумла пйесаи шашпардагии «Улуғбек», пйесаҳои якпардагии мазҳакавии «Одами номаълум», «Духтар дар интихоби шавҳар» ва «Файласуфи хандида» маҳсули қалами хушбаёни ӯст, ки баъзеашон нотамом монданд. Султон Умаров хусусан шеърнависиро дӯст медошт. Чанд шеърашро он вақт ҳунарпешагони маъруфи Ӯзбекистон сароида, дар байни халқ паҳн карданд. Ба шеъри «Турнаҳои баҳор»-и ӯ бастакори номии ӯзбек Мутал Бурҳонов оҳанг баста, онро Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Назира Аҳмедова бо санъати хос сароидааст.

Саҳифаи дигаре аз рӯзгори наҷиби Султон Умаров он аст, ки маҳз бо ташаббуси ӯ дастаҳои фронтии театрҳои Ӯзбекистон ташкил гардиданд. Султон Умаров хосса ба адабиёти ниёгон эҳтироми зиёд дошт. Ба ашъори ғаноманди Низомии Ганҷавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ дар дил муҳаббати зиёд мепарварид. Ӯ ҷавҳари инсонро дар хулқу одоб медид. Бемаънавиятиро манбаи ҳама гуна фасод, ваҳшоният ва ҷинояткорӣ меномид. Ба андешаи номбурда, инсон муваззаф аст, ки ғизои маънавиро аз ғизои моддӣ бештар бихӯрад. Ва пайваста дар таҳзиби сиришт ва такмили ғановати маънавӣ саъю кӯшиш кунад.

Мегӯянд, ки истеҳкоми давлату ҷомеа аз устувории оила сар мешавад. Оре, ин ҳикмати маълуму машҳур барои оилаи Султон Умаров раҳнамо гардида буд. Оилаашон Сокинахонум Умарова нақл мекунад, ки «падари бачаҳо дар оила меҳрубон, мушфиқ ва фурӯтан буданд. Айёми наварӯсӣ ман зуволагирӣ, угробуррӣ, пухтани палову лағмонро аз шавҳарам омӯхтам. Намегузоштанд, ки дастамро ба оби хунук расонам. Шиори доимии ҳаётии ҳамсарам Султон ин буд: «Олим будан кам аст, аммо инсони асилу комил будан аз ҳама авлотар аст». Писари калонии ӯ Бахтиёр номбардори асили падар буда, физики шинохта аст. Писари дуюм Баҳодур ҳам бо касби падар рафта, дар соҳаи физикаи квантавӣ тадқиқот мебарад. Духтари ягонаи ӯ Барно дар соҳаи филологияи англисӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул аст.

Мо, ин ҷо бо зиндагиномаи яке аз олимони маъруфи тоҷик академик Умаров шинос шудем. Аввалин хулосаи ҷамъбастии мо ин аст, ки заҳмати бедареғ ва фидокории олим дар асри XX  барои чанд насли оянда ҳамчун тимсоли олии хизмат ба хотири равнақи илми ватанӣ буд. Пас хизмати чунин фидоиёни илму фарҳангро набояд фаромӯш кард.

Барои гиромидошти номи устод Институти физикаю техникаи АИ РСС Тоҷикистон, ки бевосита бо ташаббуси ӯ таъсис ёфта буд, ба номи Султон Умаров ва дар саҳни ҳавлии ин муассисаи илмӣ нимпайкараи ӯ гузошта шуд. Ин рамзи сипосгузорӣ ва эҳтиром нисбат ба хизматҳои шоистаи ӯ дар рушди илмҳои дақиқ мебошад.

Тавре шоири бузурги немис мегӯяд: «Ман дар назди ошноёне, ки ақли бузург доранд, сар хам мекунам, вале дар назди онҳое, ки дили бузург доранд, саҷда мекунам».

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Август 24, 2019 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ- ЗОДРӮЗИ САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК САДРИДДИН АЙНӢ. Нақши устод Айнӣ дар фарҳангнигории тоҷикӣ беназир аст
Дар Душанбе китобномаи профессор Аҳмад Абдуллоев рӯнамоӣ карда шуд
«БО НИГОҲАТ РӮЗГОРАМ ОФТОБӢ МЕШАВАД!». Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб 80-сола шуд
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Омӯзиши фаъолияти касбии академик Раҳим Масов барои тарбияи насли ҷавон мактаби бузурги таълимиву тарбиявист
МУАЛЛИФИ «МАН КАЛОН МЕШАВАМ» 110-СОЛА ШУД. Ин шеъри Устод Мирсаид Миршакар чандин насли фарзандони тоҷикро дар рӯҳияи баланди муҳаббат ба Ватан ва меҳанпарастӣ тарбият намудааст
Дар Панҷакент маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи олими шинохтаи тоҷик Аълохон Афсаҳзод доир гардид
ГУРДОФАРИД АЗ ЛАХШ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Исмоил Шафиев – марде, ки умрашро сарфи ободии Ватан кардааст
РӮЗИ ЁДБУДИ МАВЛОНО. Ҷалолиддин Балхии Румӣ ҳашт аср пеш бар зидди ифротгароӣ ва таассуби динӣ, ки толибон имрӯз дар Афғонистон паҳн мекунанд, мубориза мебурд
«АҲМАДШОҲИ МАСЪУД МИҚДОРИ ХОКЕ НЕ, БАЛКИ МАКТАБИ БУЗУРГИ ТАФАККУРИ ИНСОНИСТ!». Дар Душанбе маросими ёдбуди шаҳиди роҳи озодию сулҳи Афғонистон доир шуд
ВАҲШОНИЯТ. Толибон нисбат ба қабри Аҳмадшоҳи Масъуд дар Панҷшер таҳқир раво дидаанд
ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. Саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон дар рушди маориф