Раиси шаҳри Ҳисор дар арафаи соли нави хониш ба ятимони кулл либоси мактабӣ тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи соли нави хониши 2019-2020 бо мақсади қадршиносии дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва огоҳии бештар аз вазъи зиндагии толибилмон аз оилаҳои ниёзманд раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо 10 нафар ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва 69 нафар ятимони кулл мулоқоти судманд баргузор намуда, ба онҳо либоси мактабӣ тақдим намуд.
Шаҳрдори Ҳисор хонандагонро ба омӯзиши илму фан ва чун насли оқил, ватандӯст ва бунёдкор ба камол расидан даъват намуд. Зикр гардид, ки саховатмандию футувват, дастгирию хайрхоҳӣ, ки аз сиёсати оқилонаю инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, беҳтарин амалҳои неки инсониянд.
Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суҳбатҳо бо аҳли ҷамоати мамлакат пайваста таъкид менамоянд, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд нисбат ба табақаи ниёзманд-ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоат ғамхору меҳрубон бошад ва саховатмандиро пешаи худ карда, дасти кумак дароз намояд.










ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






