Раиси шаҳри Ҳисор дар арафаи соли нави хониш ба ятимони кулл либоси мактабӣ тақдим намуд

Август 27, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 27.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи соли нави хониши 2019-2020 бо мақсади қадршиносии дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва огоҳии бештар аз вазъи зиндагии толибилмон аз оилаҳои ниёзманд раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо 10 нафар ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва 69 нафар ятимони кулл мулоқоти судманд баргузор намуда, ба онҳо либоси мактабӣ тақдим намуд.

Шаҳрдори Ҳисор хонандагонро ба омӯзиши илму фан ва чун насли оқил, ватандӯст ва бунёдкор ба камол расидан даъват намуд. Зикр гардид, ки саховатмандию футувват, дастгирию хайрхоҳӣ, ки аз сиёсати оқилонаю инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, беҳтарин амалҳои неки  инсониянд.

Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суҳбатҳо бо аҳли ҷамоати мамлакат пайваста  таъкид менамоянд, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд нисбат ба табақаи ниёзманд-ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоат ғамхору меҳрубон бошад ва саховатмандиро пешаи худ карда, дасти кумак дароз намояд.

Август 27, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»