Сафири Ҳиндустон Шри Вираҷ Сингх: «Рисолати мо вусъат бахшидан ба муносибатҳои дӯстона аст»

Август 15, 2019 16:24

ДУШАНБЕ, 15.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 август дар Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ба муносибати 73-юмин солгарди истиқлолияти кишвари Ҳиндустон барномаи  фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он меҳмонон аз дуру наздик иштирок намуданд.

Зимни оғози барномаи фарҳангӣ нахуст дар саҳни ҳавлии сафорат суруди миллии Ҳиндустон садо дод. Сипас дар дохили толори сафорат Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Шри Вираҷ Сингх матни табрикотии Президенти Ҳиндустон Рам Натх Ковиндро ба муносибати 73-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҳиндустон қироат кард.

Сафири навтаъйини Ҳиндустон дар Тоҷикистон Шри Вираҷ Сингх иброз дошт, ки мақсаду мароми озодӣ- ин дӯст доштани Ватан аст. “Агарчи ман ба тозагӣ масъулияти сафириро дар Тоҷикистон бар дӯш дорам, ҳамоно хуб медонам, ки рисолати мо вусъат бахшидан ба муносибатҳои дӯстона аст. Мо ҳеҷ гоҳ аз дӯстиву бародарӣ бо кишварҳои ҳамсоя зарар намебинем. Дӯстӣ дар худ ҳама вақт пайомади хуб дорад, пас бояд нахуст равобити дӯстии худро қавӣ гардонем”.

Ҳамзамон суруду таронаҳо дар васфи Ватан дар иҷрои гулдухтарону наврасон пешкаши тамошобинон гардонида шуда, дар анҷоми барнома ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби сафир туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Ҳиндустон яке аз аввалин давлатҳое мебошад, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 28 августи соли 1992 ба расмият шинохт. Соли 1994 Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва соли 2003 Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон кушода шуданд. Ҳоло 26 сол мешавад, ки Ҳиндустону Тоҷикистон — ду давлати ҳамсоя ва бо ҳам дӯст ҳамкории судманд ба роҳ монда, дар ҳалли бисёр масъалаҳои доғи вақт, аз ҷумла мубориза ба муқобили терроризм ҳамфикранд.

Аз соли барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҳиндустону Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон се сафари расмӣ (солҳои 1993,1995, 2001) ва се сафари давлатӣ (2006, 2012, 2016) намудаанд, ки дар натиҷа бештар аз 60 ҳуҷҷати байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои афзалиятноку ояндадори савдо, иқтисодиёт, дорусозӣ, кишоварзӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт, маориф, сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ, фарҳанг ва ғайра ба имзо расидаанд.

ДАР АКС: Шри Вираҷ Сингх, сафири навтаъйини Ҳиндустон дар Тоҷикистон зимни қабул аз ҷониби Президенти Ҳиндустон Рам Натх Ковинд дар Раштрапати-Бҳаван (Қасри Президент).

ДАР АКС: аввалин мулоқоти расмии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири навтаъйини Ҳиндустон дар Тоҷикистон Шри Вираҷ Сингх.

Сафарҳои давлатии сарварони олимақоми Ҳиндустон Президент Пратибҳа Патил (2009), Сарвазир Нарендра Модӣ (2015) ва дигар ашхоси расмии ин кишвар ба Тоҷикистон рӯз то рӯз бинои дӯстиву ҳамкории боманфиати ду мамлакатро қавитар намуда истодаанд. Бо дастгирии Шӯрои ҳиндустонии алоқаҳои фарҳангӣ садҳо ҷавонони тоҷикистонӣ дар Ҳиндустон таҳсил ё такмили ихтисос мекунанд.

Ҳамзамон аз тарафи Ҳиндустон Неругоҳи барқи обии “Варзоб-1” пурра тармим ва меҳмонхонаи “Шератон” (“Хилтон”) ба истифода дода шуданд.

Дар ин робита ҳамкории судманд дар соҳаи низомӣ низ назаррас аст.

Умед ЛОИҚЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Август 15, 2019 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд