Сироҷиддин Муҳриддин: дар зиндонҳо ва урдугоҳҳои Ироқ ва Сурия қариб 600 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд

Август 2, 2019 12:10

ДУШАНБЕ, 02.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Дар зиндонҳо ва урдугоҳҳои   Ироқ ва Сурия қариб 600  нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд», — иттиллоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.

Ба гуфти Сироҷиддин Муҳриддин, дар зиндонҳои Ироқ 43 зан ва як кӯдак, дар урдугоҳҳои Сурия қариб 554 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд. Аз ин шумора дар урдугоҳҳои Сурия 86 зан,  228 духтарони ноболиғ ва 240 писарони ноболиғ қарор доранд.

Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки масъалаи баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан зери назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баргардондани шаҳрвандон бо ҳукуматҳои Ироқ, Сурия ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад. Дар ин росто сафоратҳои Тоҷикистон дар минтақа барои гуфтушунид бо мақомоти далодори ин кишварҳо вазифадор шудаанд.

 

Август 2, 2019 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ шуд
Президенти Тоҷикистон: «То ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам обод гардонидани Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашем»
Дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид