ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, якшанбе, 237-умин рӯзи соли 2019 аст
25 августи соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоби бостонӣ сафар карда, дар маросими ба истифода супурдани маҳаллаи нави истиқоматӣ, ки дар муддати кӯтоҳ барои аҳолии дар натиҷаи офатҳои табиии моҳи майи соли 2010 бесарпаноҳмондаи шаҳри Кӯлоб бунёд ёфт, иштирок карданд.
***
8 сол пеш, 25 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – «Пешвои асри 21»-ро тақдим кард.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
25 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ангиштканон (якшанбеи охири моҳи август).
***
Дар Уругвай – Рӯзи истиқлолият
***
Дар Парагвай – Рӯзи Конститутсия
***
Дар Бразилия – Рӯзи афсарон.
РӮЙДОДҲО:
25 августи соли 2006 пас аз хотимаи Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Россия: дурнамои ҳамкории минтақавӣ» 8 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
25 августи соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Боғи устод Рӯдакӣ расман ба истифода дода шуд.
***
7 сол пеш, 25 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар остонаи ҷашни бузурги 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз аз як иншооти муҳим — муҷассамаи Нишони давлатӣ бо баландии 45 метр пардабардорӣ карда шуд.
***
25 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии серӯзаи «Бехатарии сейсмикии кишварҳои Осиёи Марказӣ» оғоз гардид.
***
106 сол муқаддам, 25 августи соли 1912 дар Чин ҳизби Гоминдан («Ҳизби давлатии мардумӣ») таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1945 дар Ветнам Кумитаи давлатии амният таъсис ёфт.
***
25 августи соли 1978 дар Испания ҳукми қатл дар замони осоишта бекор карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1924 дар Самарқанд аввалин шумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» нашр шуда буд.
***
Соли 1919 аввалин маротиба дар таърихи дунё хатсайри ҳавоии мунтазами Лондон-Париж роҳандозӣ карда шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад