Тоҷикистон ва Гурҷистон дар соҳаи сайёҳӣ мубодилаи таҷриба мекунанд
ДУШАНБЕ, 01.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои омӯзиш ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ миёни Тоҷикистону Гурҷистон дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зураб Абдушелишвили мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Сафири Гурҷистон дар Тоҷикистон ба ислоҳот дар соҳаи сайёҳӣ, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуд ва тамоюли рушди соҳа дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Аз ҷумла, сайёҳии экологӣ, сайёҳии кишоварзӣ, омода намудани шарбату нӯшокиҳои аз лиҳози экологӣ тоза ба сайёҳон, рушди сайёҳии деҳот, ташкили меҳмонхонаҳои хурди қабули сайёҳон дар минтақаҳои кӯҳӣ барои ҳарду кишвар ҷолиби диққат буда, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ба рушди соҳа боз ҳам такон хоҳад бахшид.
Дар ин ҷода ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самтҳои зикршуда ҳамкории судманд байни ниҳодҳои сайёҳии Тоҷикистону Гурҷистон ба роҳ монда мешавад.








Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд






