Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кумитаву комиссияҳо ба фаъолият шурӯъ намуданд
ДУШАНБЕ, 16.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таътили тобистона ба фаъолият оғоз карданд.
Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, вакилони мардумӣ 15 август дар кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ба кор баромаданд.
Ба иттилои манбаъ, тибқи дастури Маҷлиси намояндагон, шурӯъ аз моҳи октябр дар Душанбе ҷаласаҳои ин ниҳод баргузор мегарданд.
Зимнан, палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат буда, онҳо ба муҳлати панҷ сол тавассути овоздиҳии пинҳонӣ дар ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ интихоб карда мешаванд.
28 июн дар Душанбе ҷаласаи хотимавии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид. Зимни он Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ дар 24 ҷаласаи ин ниҳоди олии қонунгузор аз рӯйи 171 масъала қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Аз ҷумла, 97 қонун ва тағйиру иловаҳо ба қонуну кодексҳои амалкунанда, 23 созишномаи байниҳукуматӣ ва дигар барномаву санадҳо ба тасвиб расонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки вакилони мардумӣ шурӯъ аз 1 июл ба таътили тобистона баромада буданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ ва иҷлосияи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
ДУШАНБЕ — НИГИНИ КИШВАРИ ОФТОБИИ ТОҶИКОН. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон бахшида мешавад
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






