Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ ва иҷлосияи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода барои иштирок дар ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ ва иҷлосияи ҳамоҳангсозии Ассамблеяи парламентии Осиё ба шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон бо даъвати Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмуш ва Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммад Ризо Маҷидӣ ба шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия сафар намуд.
Дар назар аст, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳайати воломақоми Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар кишварҳои аъзои Иттиҳод мулоқоту суҳбатҳо анҷом дода, роҳҳои таҳкими равобит ва густариши ҳамкории байнипарламентиро баррасӣ намоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






