Агентии мубориза бо коррупсия: «Шахсе, ки бо истифода аз мақоми хизматӣ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонид, боздошт шуд»
ДУШАНБЕ, 30.09.2019./АМИТ«Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванд хабар медиҳад, ки бо истифода аз мақоми хизматӣ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд Р.М.Б. ҳангоми дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъба оид ба пардохти кумакпулиҳои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият кардан бо истифодаи ваколатҳои мансабдорӣ, бархилофи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъйин ва пардохти нафақа амал намудааст.
«Номбурда давоми солҳои 2017 — 2019 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи 5 нафар шаҳрвандон ба маблағи умумии бештар аз 333 ҳазору 500 сомонӣ талабот нишон додааст. Ӯ ин миқдор маблағро ба воситаи рақамҳои асноди нафақавӣ ба суратҳисоби бонкии нафақахӯрон гузаронида, тавассути кортҳои пластикии БДА ҶТ «Амонатбонк» тариқи нақдӣ гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст», — гуфта мешвад дар иттилоияи Агентӣ.
Бояд гуфт, ки шаҳрванд бо ин кирдори бадқасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Бинобар ин, — афзуд манбаъ, нисбат ба ӯ бо моддаи 245 қисми 4 банди «б» ва 340 қисми 2 банди «а»- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






