Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти як омӯзгор хабар медиҳад

Сентябрь 10, 2019 15:30

ДУШАНБЕ, 10.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти  омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Ҷамшед Сангинов хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, 20 августи соли 2019 шаҳрванд «А» ба Агентӣ муроҷиат кардааст, ки Ҷамшед Сангинов аз ӯ барои ба муассисаи мазкур дохил намудани писараш шаҳрванд «Б» маблағи 21 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.

«Худи ҳамон рӯз оид ба ин ҳолат нисбат ба Ҷ.Б. Сангинов бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ- тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 21 ҳазор сомонӣ дастгир гардид. Маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд», — омадааст дар иттилоияи Агентӣ.

Зимнан, моҳи августи соли 2018 аъзои Маҷиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардида буданд, дастгирӣ намуданд. Мутобиқи ин тағйирот, барои амалҳои коррупсионӣ дар асоси қарори суд ҷазо дар шакли маҳрум намудан аз озодӣ  пешбинӣ карда шудааст.

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон зимни суханронии худ дар иҷлосия иброз намуд, ки тибқи тағйироти ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, минбаъд онҳое, ки барои порагирӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ ба даст меафтанд, бар ивази ҷарима озод карда намешаванд, балки дар асоси қарори суд аз озодӣ маҳрум мегарданд.

Ҳамин тариқ, тибқи меъёрҳои моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаллобӣ ба миқдори калон унвон гирифтаааст, нафаре, ки ба ин амал даст мезанад, бо ҷарима ба андозаи аз нуҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то  ҳашт сол ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Гуфтанист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 55 сомонӣ муқаррар гардидааст.

«Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ҷ.Б. Сангинов идома дорад», — афзуд манбаъ.

Сентябрь 10, 2019 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ҷамъбаст гардид
Дар Тоҷикистон кадом навъи бемории зуком хуруҷ намудааст?
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ оид ба нақши зан дар Туркманистон иштирок намуд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Дар Бадахшон даври вилоятии озмун ҷамъбаст гардид
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ! Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои истифодаи онро риоя намоед
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳо равона шудааст
Форум оид ба натиҷаҳо ва устувории «Барномаи рушди тандурустӣ барои солҳои 2021-2025» доир карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — АМАЛИСОЗАНДАИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ. Аз таъсиси он 31 сол сипарӣ гардид
ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН — АРЗИШИ ОЛӢ. Бардошт аз ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон
Дар Шаҳринав дар мавзуи ваҳдату ҳамгироӣ ва дӯстии халқу миллатҳо вохӯрӣ доир шуд