Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти як омӯзгор хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 10.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Ҷамшед Сангинов хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, 20 августи соли 2019 шаҳрванд «А» ба Агентӣ муроҷиат кардааст, ки Ҷамшед Сангинов аз ӯ барои ба муассисаи мазкур дохил намудани писараш шаҳрванд «Б» маблағи 21 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
«Худи ҳамон рӯз оид ба ин ҳолат нисбат ба Ҷ.Б. Сангинов бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ- тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 21 ҳазор сомонӣ дастгир гардид. Маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд», — омадааст дар иттилоияи Агентӣ.
Зимнан, моҳи августи соли 2018 аъзои Маҷиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардида буданд, дастгирӣ намуданд. Мутобиқи ин тағйирот, барои амалҳои коррупсионӣ дар асоси қарори суд ҷазо дар шакли маҳрум намудан аз озодӣ пешбинӣ карда шудааст.
Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон зимни суханронии худ дар иҷлосия иброз намуд, ки тибқи тағйироти ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, минбаъд онҳое, ки барои порагирӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ ба даст меафтанд, бар ивази ҷарима озод карда намешаванд, балки дар асоси қарори суд аз озодӣ маҳрум мегарданд.
Ҳамин тариқ, тибқи меъёрҳои моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаллобӣ ба миқдори калон унвон гирифтаааст, нафаре, ки ба ин амал даст мезанад, бо ҷарима ба андозаи аз нуҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Гуфтанист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 55 сомонӣ муқаррар гардидааст.
«Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ҷ.Б. Сангинов идома дорад», — афзуд манбаъ.








Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад
Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд






