АМИТ «ХОВАР» ИНШООТҲОИ АЗИМИ ТОҶИКИСТОНРО МУАРРИФӢ МЕКУНАД: Гузориши хабарнигори мо аз Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр»-и ноҳияи Данғара

Сентябрь 12, 2019 12:24

ДУШАНБЕ, 12.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои пасошӯравие мебошад, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми самтҳо ба дастовардҳои  назаррас ноил шуд. Аз ҷумла, дар пойтахти мамлакат ва шаҳру ноҳияҳои он корҳои    сохтмону азнавсозӣ ва кабудизоркунӣ   ба авҷ расида, ба як ҷабҳаи воқеан бузарги созандагӣ дар саросари мамлакат  табдил ёфтанд.

Яке аз мисолҳои ин гуфта бунёди иншоотҳои азиме мебошанд, ки дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи мамлакат тӯли беш аз 20 соли охир  қомат афрохтанд. Онҳо ба зебоии  кишварамон  ҳусни нав зам намуда,   мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ   қарор гирифтаанд.

Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» яке аз ин маконҳо мебошад, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон қомат афрохтааст.

«Хуррамшаҳр»- ро метавон намунае аз оинаи таърих,  фарҳапнг ва   ҳунармандии халқи тоҷик унвон кард. Зеро он бо назардошти ҳолати кунунӣ ва таърихи миллати тоҷик лоиҳакашиву бунёд гардидааст”,-менависад хабарнигори АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР, ки ба ноҳияи Данғара сафар ва аз ин марказ дидан кард.

Метавон гуфт, ки Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» меросбари дирӯзу имрӯзи миллати тоҷик ва фардои дурахшони он аст. Инчунин санъати меъморӣ ва ҳунарҳои қадимии дастӣ, ки дар ин марказ истифода шудаанд, сабаби ҷалби бештари сайёҳон ба ин макон гардидаанд.

Зимнан, гуфтанист, ки асосгузори ҳамаи навсозиҳо, ташаббускор ва илҳомбахши сохтмони иншоотҳои азиму стратегӣ дар мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки соҳаи сохтмону меъмориро ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа ҳамеша дастгирӣ менамоянд. Бунёди маркази мазкур далели ин гуфтаҳост.

Ғайр аз ин, нишони сиёсати дурандешонаи Пешвои миллатро дар он метавон дид, ки ҳанӯз 11 сол муқаддам хишти аввали ин марказро гузошта буданд. Яъне, масъалаи рушди ҳунарҳои мардумӣ аз он замон дар маркази диққати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.

Пас аз 11  сол, Президенти мамлакат соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва як сол баъд, солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ элон намуданд.

Сармеъмори Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» Самӣ Азизиён, ки яке аз ҷавонони ташаббускору бомаҳорат ва огоҳу бархурдор аз сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, соли 2007 бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат бо мақсади ҳифз ва гиромидошти ҳунарҳои миллии тоҷикон лоиҳаи маркази мазкурро омода намудааст. Худи ҳамон сол бо маблағгузории   Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ориёнбонк» корҳои сотмонии «Хуррамшаҳр»  оғоз гардиданд. Бояд гуфт, ки маркази мазкур, ки ҳамчун чойхонаи боҳашамат дар ноҳияи Данғара  қомат афрохтааст, он замон дар Осиёи Марказӣ калонтарин маҳсуб меёфт. Ҳоло «Кохи Наврӯз» калонтарин чойхона дар ҷаҳон аст.

Мавриди зикри хос аст, ки пас аз се соли корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2010 дар рӯзҳои баргузории тантанаҳои идонаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи хуҷастапай бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов «Хуррамшаҳр» мавриди истифода қарор гирифт.

Гуфтанист, ки ин маркази бошукӯҳи фароғатӣ бо истифода аз анъанаҳои меъмории бостонии ниёгон ва ороишоти замонавӣ бунёд ёфтааст.

Самӣ Азизиён мегӯяд: «Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» иборат аз якчанд толорҳои хурду бузург буда, бо усулҳои гуногуни аз ҳамдигар фарқкунанда ороиш ёфтаанд. Гуногунрангии ороишот то ба ҳадде аст, ки ягон гулу ороиши наққошӣ ва ё кандакорӣ такрор намешавад».

Тавре ба мо аён гардид, дар ороиши толорҳои марказ аз ҳунари волои устоҳои чирадасти чӯбтарош, сангтарош, гачкор, оинабандон, рассомону наққошон ва ғайра ба хубӣ истифода шудааст. Кандакориҳои рӯйи чӯб, санг ва гач, ки бештараш дар болои оина шинонда шудаанд, ҷолиби диққат ва дилфиреб мебошанд.

«Дар ороиши Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» осори меъмории шаҳрҳои қадимаи мардумони тоҷику форс бо назардошти ҳолати кунунӣ мавриди истифода ва сайқалу такмил қарор дода шудаанд», — илова  менамояд Самӣ Азизиён.

Аз дидани нақшу нигори кашида ва кандакориҳои болои чӯб, гач ва сангҳои зебои ороишӣ кас чашм канда наметавонад.  Иншоот тавре бунёд ёфтааст, ки онро мутмаинан метавон ҳазорсолаҳо меросбари таърихи миллати тоҷик номид.

Ду толори калони мунаққаш, ки яке бо нақшу нигор ва кандакориҳои болои чӯб ва дуюмаш бо гаҷкорӣ ороиш ёфтаанд, хеле диданиянд. Ҳам кандакориҳои болои чӯб ва ҳам гачкории деворҳо дар болои оина шинонда шудаанд, ки аз унсурҳои фарҳангии меъмории ориёӣ сарчашма мегиранд.

Усто Солеҳ Олимзода, падари Самӣ Азизиён, ки  аксари чӯбкориҳо  ҳунари дасти ӯст, бар он назар аст, ки ҳунарманд он вақте метавонад эҷод кунад, ки аз дирӯзу имрӯзи миллати худ огоҳ бошад.

«Таърихнигорон  ва  олимон аз рӯи нақшу нигор замони ин ё он ҳунарро муайян менамоянд. Ғайр аз ин, ҳар як ҳунарманд бояд дар тасвир имзои худро дошта бошад. Бештар вақт дар нақшҳо ва корҳои иҷрокардаи ман дар даруни нақш свастикаи ориёинажод ҷойгир аст. Яъне ин имзои ман мебошад», -илова намуд мавсуф.

Бояд зикр намуд, ки кандакорӣ аз ҳунарҳои қадимии Шарқ буда, дар Тоҷикистон зиёд рушд кардааст. Кандакорӣ — усули коркарди бадеии  чӯб, санг, устухон, гаҷ, гил ва ғайра мебошад, ки бо роҳи кандану бурида гирифтан иҷро карда мешавад. Мухтасар карда гӯем, он яке аз кадимтарин ва маъмултарин намуди санъати амалист.

Месазад ёдовар шуд, ки дар ҳамаи корҳои анҷомдодаи Усто Солеҳ нақшу нигори миллӣ ва нишонаҳои давлатдории миллии мо  инъикос ёфтаанд, ки эҳёгари  ҳунарҳо ва мерос ба ояндагон мебошанд.

Усто Солеҳ мегӯяд: «Ман бештар дар кори худ нақшҳои ориёӣ ва тоҷу ситораро ҷой медиҳам, ки ин нишони тоҷдориву соҳибдавлатӣ ва ориёинажод будани миллати тоҷик мебошад».

“Аз ҳама бештар хушбахтии мо аз он буд, ки  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар се моҳ як маротиба аз ҷараёни корамон дидан намуда, барои беҳбудии он маслиҳатҳо медоданд”, —  зикр намуд ӯ.

Яке аз устоҳое, ки дар баробари 20 нафари дигар дар толори гаҷкорӣ дар рӯйи оинаи марказ кор карда, имрӯз аз дидани кори дасти худ мефахрад, ин Фозил Cайдуллоев аст.

Вақте мо бо усто Фозил дар ин толор ҳамсуҳбат гардидем, ӯ аз он ёдовар шуд, ки гаҷкорӣ ҳунари  сермаҳсул буда, бештар вақт кори он дастӣ ва танҳо дар баъзе ҳолатҳо ба воситаи қолаб анҷом дода мешавад.

«Хусусияти ин кор он аст, ки он ҳамчун офариниши зинда аз даврони қадим то имрӯз омада расидааст. Гаҷкорӣ яке аз ҳунарҳоест, ки дар баробари дигар ҳунарҳои мардумӣ муаррифи миллат ва расму оини мо  мебошад», — афзуд мавсуф.

Мавриди зикр аст, ки ин ҳунари волои қадимаи тоҷикон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ва бо иқдомҳои дурандешонаи Пешвои миллат аз гӯшаи фаромӯшӣ  баромада, дубора эҳё гардид дар ақсои олам ном баровард.

Тавре сармеъмори марказ мегӯяд, санъати гаҷкорӣ дар толори «Сафед» –и «Хуррамшаҳр»  истифода шуда, он пурра аз гаҷ бунёд гардидааст. Толори мазкур 18 метр бар, 30 метр дарозӣ дорад. Тамоми нақшу нигори толор бо гаҷ ва дар рӯи оина оро дода шудаанд.

Зимнан, ба гуфтаи устоҳои гаҷкор, нақшҳое, ки дар гаҷкорӣ истифода мешаванд, даврагул, турунҷ, китоба, рута, мадохил, серафтор, ислимии баргӣ, якрафтор, нақши мунаббат, таблу, гули гиреҳ ва ғайра номгузорӣ  шудаанд.

Гаҷкорӣ ҳунари зинда буда, он ҳазорсолаҳо абадӣ хоҳад монд. Тавре Бузургмеҳр дар андарзномаи худ навиштааст: «Офариниши зинда ва кори некро ҳеҷ кас рабуда наметавонад».

«Аз ин хотир, дар ин марказ мо бо назардошти нақшу нигори миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик тавре наққошӣ кардем, ки бинанда аз он чашм канда наметавонад. Имрӯз мо аз заҳмати кашидаи худ меболем, чун меҳмонону сайёҳоне, ки ба   ин ҷо меоянд, дар ҳайрат монда, аҳсану офарин мехонанд. Онҳо  мегӯянд, ки халқи тоҷик дар ҳақиқат мардуми соҳибзавқ ва ҳунарманди асил аст», — илова намуд усто Фозил.

Тавре Самӣ Азизиён ба мо иттилоъ дод, маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» 2 толори калон ва 4 толори хурд дорад, ки ҳар яке барои қабули то 25-нафарӣ меҳмон пешбинӣ шудааст. Яке аз ин толорҳо бо ҳунари кандакориҳои болои санг оро ёфтааст. Дар ин толор нақши чеҳраҳои қаҳрамонони Тоҷикистон дар болои санги мармар кандакорӣ шудаанд, ки ин кор ҳунари басо нозук ва ҳунарманди забардастро талаб мекунад.

Ҷамшед Қаҳҳоров – усто Ҷамшед яке аз 25 нафар устоҳои сангтароши ин толор мебошад, ки мо дар он ҷо бо ӯ низ суҳбат оростем.

«Соли 2008 мо, гурӯҳи сангтарошон бо роҳбарии Рустам Маҷидов корро оғоз намудем. Аввал ҳамаи корҳоро дар корпоратсияи «Сомон саноат» омода намуда, сипас дар марказ онҳоро ҷобаҷо намудем», — иброз дошт  ӯ.

Ба гуфтаи усто Ҷамшед, дар ин толор давраҳои гуногуни таъризи халқи тоҷик  аз замони Куруши Кабир сар карда, то даврони Истиқлолияти давлатӣ дар рӯи санг аккосӣ шудаанд.

«Дар ин толор сангҳо аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон, аз қабили Ванҷу Панҷакент истифода гардидаанд», — илова намуд мавсуф.

Зимнан, хусусияти фарқкунандаи кор дар рӯйи санг дар он аст, ки он ба воситаи асбобҳои махсус кандакорӣ карда мешавад. Аммо тавре зимни боздид ба мо аён гардид, дар ин толор аксарияти корҳои сангтарошӣ   дастӣ анҷом дода шудаанд.

Яке аз лаҳзаҳои хотирмоне, ки ҳамаи устоҳои ин марказ,  аз ҷумла усто Ҷамшед бо ифтихор аз он ёдовар мешавад, ин боздидҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди кори онҳо мебошад.

«Вақтҳои вохӯрӣ Ҷаноби Олӣ ба мо дастур медоданд, ки бо кори худ санъати миллии сангтарошӣ ва сангҳои нимқиматбаҳову нодири Тоҷикистонро нишон диҳем, то бинандагон аз онҳо  маълумот ва  хотироти бештар  бигиранд», -афзуд номбурда.

Толори дигаре, ки бо ҳунари кундалкорӣ оро ёфтааст, дар ошёнаи якуми марказ ҷойгир аст. Ин толори зебо ҳоло ҳамчун намунаи хонаи тоҷикон оро дода шуда, дар он сандалӣ, кат ва кӯрпачаву болишт  ба назар мерасанд.

Дар долонҳои Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» 30 кат гузошта шудааст ва дар атрофи бинои асосии марказ 9 суҳбатгоҳи болопӯш ҷойгиранд, ки ҳама барои қабули меҳмонон пешбинӣ шудаанд.

Чанде аз ин суҳбаткадаҳо низ кори дасти усто Солеҳ мебошанд. Дар суҳбаткадаҳо рубоиёти  шоирони барҷастаи тоҷик, чун Хайёму Сино  наққошӣ шудаанд. Суҳбаткадаҳо гирдогирди марказ сохта шуда, ба он зебоии  тоза  зам намудаанд. Гулҳои онҳо тавре кандакорӣ гардидаанд, ки яке ба дигаре монандӣ надоранд.

Хуллас, Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» дар як вақт дар ҳамаи толору долонҳо ва суҳбатгоҳҳо метавонад то ба 700 нафар меҳмонон хизмат расонад. Атрофи Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр»-ро ниҳолҳои зебою нодир, гулу гулгаштҳо ва фаввораҳои рангоранг оро медиҳанд…

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 12, 2019 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Дар шаҳри Турсунзода барои бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳо тозакунии каналу заҳбурҳо оғоз гардид
Дар деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад