Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе маҳаллаҳои Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 20.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 25 сентябр дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар ин рӯзҳо интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон» муваққатан қатъ карда мешавад.
Мақсад аз ин иқдом гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» мебошад.
Гуфта мешавад, ки аз соати 23:00-и 23 сентябр то соати 24:00-и 24 сентябр дар маҳаллаҳои 43, 62, 64, 65, Сомон, Равшангарони кӯчаҳои Чомӣ, Борбад ва Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.
«Инчунин дар ин муддат муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхутун, Чортеппа, 32, 33, 53, 54, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Тургенев, Камонгарон, Раҳмон Набиев, Ханжин, Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ, ва шаҳраки Севастополи ноҳияи Сино пешбинӣ гардидааст», -афзуд манбаъ.
Тибқи қарори мазкур, аз соати 23:00-и 24 сентябр то соати 24:00-и 25 сентябр дар маҳаллаҳои Гулбутта, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабов, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65-и кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Сабо, Қаҳҳоров, Миралӣ Маҳмадалиев ва Наҷмиддин Абдуллоеви ноҳияи Фирдавсӣ муваққатан оби нӯшокӣ қатъ карда мешавад.
Дар баробари ин, гуфта мешавад, ки дар ин муддат интиқоли оби нӯшокӣ ба кӯчаҳои Моёншоҳ Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1, 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, Миралӣ Маҳмадалиев, Карин Манн, Зафар, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Улуғбек, Убайди Зоконӣ, Абдуқодирхоҷаи Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯби ноҳияи Шоҳмансур қатъ карда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш менамояд, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд.
«Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд», — омадааст дар қарори Раиси шаҳри Душанбе.
Рустами Эмомалӣ Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки дар ин муддат ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






