Беш аз 30 нафар намояндагони ВАО баъд аз иштирок дар машғулияти омӯзишӣ соҳиби гувоҳнома гардиданд

Сентябрь 28, 2019 10:07

ДУШАНБЕ, 28.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 30 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, инчунин  мудирони кафедра ва факултаҳои журналистикаи  донишгоҳҳои мамлакат, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар бахши такмили дониш ва  саводнокии ВАО фаъолият доранд, баъд аз иштирок дар машғулияти дурӯзаи омӯзишӣ «Оид ба саводнокии иттилоотӣ ва ВАО», ки 26-27 сентябр дар Душанбе доир шуд, соҳиби гувоҳнома гардиданд.

Хабарнигори  АМИТ  «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки машғулияти омӯзишӣ бо ибтикори Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо Бюрои кластери ЮНЕСКО дар  Алмаато оид ба Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон  созмон дода шуд.

Котиби  масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон дар ҷараёни машғулияти омӯзишӣ гуфт, ки «машғулияти омӯзишӣ бахшида ба Ҳафтаи байналмилалии  саводнокии  иттилоотии ВАО, ки  аз ҷониби ЮНЕСКО аз 24 то 31 октябр дар саросари ҷаҳон доир  мегардад, гузаронида мешавад». Ҳадафи асосии машғулияти омӯзишӣ  фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таҳияи барномаҳои миллии омӯзишӣ  дар ВАО ва саводнокии иттилоотӣ барои баланд бардоштани сифати журналистика, инчунин такмили касбияти намояндагони ВАО мебошад.

Ҳамзамон дар машғулияти омӯзишӣ ноиби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хайрулло Мирзамонзода  гуфт, ки  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар он факултаи журналистика фаъолият менамояд, дар омода намудани кадрҳои ҷавон ва мутахассисони бахши ВАО саҳми муноисб мегузорад. Мавсуф афзуд, ки баланд бардоштани касбият ва саводнокии иттилоотии намояндагони ВАО дар шароити пуртазоди ҷомеаи муосири байналмилалӣ, ки муборизаҳои иттилоотӣ пуршиддат гардидаанд, хеле муҳим аст.

Дар ҷараёни машғулияти омӯзишӣ  мутахассис оид ба масъалаҳои коммуникатсия ва иттилооти Дафтари ЮНЕСКО дар Алмаато Сергей Карпов ва коршиноси бахши ВАО Ала Қувватова ба намояндагони ВАО доир ба масъалаҳои мубрами марбут ба саводнокии иттилоотӣ, баланд бардоштани касбияти намояндагони ВАО, эътимод  ба ВАО, кор  бо сарчашмаи иттилоот, одоби рӯзноманигорӣ, нозукиҳои  таҳияи маводи иттилоотӣ ва таҳлилӣ бо такя ба масъалаҳои мубрами рӯз ва дигар паҳлуҳои саводнокии иттилоотию тақвияти касбияти рӯзноманигорон ибрози назар намуданд.

                                                         Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

Сентябрь 28, 2019 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид