ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК! Бозии интихобии Чемпионати ҷаҳон. Улан-Батор. Муғулистон — Тоҷикистон-0:1
ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 сентябр дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дар меҳмонӣ бо дастаи мунтахаби Муғулистон бозӣ анҷом дода, бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб омад. Ин дидор дар шаҳри Улан Батор сурат гирифт.
Вохӯрӣ, ки дар варзишгоҳи Федератсияи футболи Муғулистон дар Улан-Батор баргузор шуд, бо ҳисоби 1-0 ба фоидаи футболбозони тоҷик хотима ёфт. Голи ягонаи вохӯриро Давронҷ Эргашев дар дақиқаи 81 вориди дарвозаи ҳариф намуд.
Ёдовар мешавем, ки 5 сентябр дар бозии аввали даври дуввуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби футболи Қирғизистон бо ҳисоби 1: 0 ғалаба ба даст оварда буд.
Муфассалтар дар инбора нашр хоҳем кард.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






