Дар Қалъаи Ҳисор аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 30.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Бозори ҳунармандон» бо ҷалби ҳунармандони як зумра шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Дар намоиши мазкур роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Варзоб, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ ва сокинони фаъоли минтақа иштирок доштанд.
Нахуст иштирокчиёну меҳмонон аз Қалъаи Ҳисор дидан карда, гурӯҳҳои ҳунарӣ оид ба таърихи Ҳисор намоиши 15-дақиқагӣ омода ва пешниҳод намуданд. Чунин намоишҳо минбаъд низ барои сайёҳоне, ки ба ин макон ташриф меоранд, ба хотири аз наздик шинос шудан бо ин мавзеи таърихӣ ба маъраз гузошта мешаванд.
Дар маросими кушодавии намоишгоҳ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки мақсад аз ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ дар Қалъаи Ҳисор, ки ҳамчун мавзеи сайёҳӣ маъмулу машҳур аст, пеш аз ҳама, муаррифӣ намудани ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамзамон ба фурӯш баровардани маҳсулоти ҳунари дастии ҳунармандон мебошад. Бозори намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ минбаъд низ бо ҷалби ҳунармандон рӯзҳои якшанбе гузаронида мешавад.
Имрӯзҳо фароҳам овардани шароит барои ҳунармандон, хусусан бархурдор гаштани онҳо аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ гардид, имконият медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, аз ҷумла маҳсулоти армуғонӣ барои сайёҳон дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ афзоиш ёфта, ҷойҳои кории нав таъсис дода шуда, сатҳи некуаҳволии мардум баланд бардошта шавад.
Ҳамзамон бо ин, аз андозбандӣ озод намудани истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ барои паст кардани арзиши аслии маҳсулот, рақобатпазир гаштани он ва ба таври васеъ ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани онҳо мусоидат менамояд.
Айни замон баҳри рушди соҳаи ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон, паст кардани арзиши аслии маҳсулоти ҳунармандӣ ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани онҳо аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, баргузории чорабинии имрӯза низ татбиқи ҳадафҳои дар боло зикршуда маҳсуб меёбад.
Мояи сарфарозист, ки соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» ба имзо расид. Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувор ва кафолатдиҳандаи рушди ҳунармандӣ буда, имкон медиҳад, ки тадбирҳо ва барномаҳои нави соҳавӣ баҳри рушди ҳунармандӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Тибқи Қонуни мазкур, масъалаҳои зиёди соҳаи ҳунармандӣ ҳал гардида, аз ҷумла мақоми ваколатдори соҳа муайян карда шуда, Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи ҳунармандӣ таъсис дода мешавад.
Бо мақсади таҳияи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, барномаи мазкур таҳия ва ба унвони Ҳукумати мамлакат ирсол карда шуд.
Имрӯзҳо бо мақсади пайдо намудани бозорҳои нави маҳсулоти ҳунармандӣ дастранҷи истеҳсолнамудаи ҳунармандони мамлакат дар як зумра намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Британияи Кабир, Малайзия, Амрико, Франсия, Кореяи ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Юнон, Германия, Испания, Белгия, Туркия, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ба намоиш гузошта шуда, харидорони худро пайдо намудаанд.
Дар баробари ин, соли равон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барномаҳои зиёди сатҳи милливу байналмилалӣ, бахусус намоишгоҳҳои дастранҷи ҳунармандони мамлакат дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои мамалакат баргузор карда шуданд.
Хусусан дар доираи баргузории нахустин Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон — 2019» дар боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ташкил карда шуд, ки дар он имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Ташкил ва баргузории намоишгоҳҳои мазкур имконият медиҳад, ки талаботи харидорон, аз ҷумла сайёҳон ба маҳсулоти ҳунармандӣ ва армуғонҳо муайян карда шуда, бозори фурӯши он васеъ карда шавад.
Дар намоиши аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ як гурӯҳ ҳунармандон, ки дар рушду равнақ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳм гузоштанд, бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки мавқеи ҷуғрофии шаҳри Ҳисор, фазои мусоиди экологӣ ва иншооти соҳа, аз қабили мамнўъгоҳи «Қалъаи Ҳисор», осоишгоҳҳои «Шоҳамбарӣ» ва «Сатурн», мамнуъгоҳи таърихию мадании Ҳисор барои рушди сайёҳӣ иқтидори воқеӣ дорад.
Ҳисор яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба шумор рафта, аз қадимулайём бо обу ҳавои латифу мусоид, кӯҳҳои пурфайз, дарёҳои сероб, заминҳои зархез ва ёдгориҳои таърихӣ диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамуд.
«Ҳисор» дар луғатҳои тафсирӣ ба маъниҳои иҳоташуда, қалъа, ҷои мустаҳкам, девори даври қалъа омадааст. Мафҳуми зеринро гирифтани ин водии зархез дар қалби қаторкӯҳҳо доман паҳн кардани он ва вуҷуд доштани қалъаи мустаҳкамро собит месозад. То асри XV ин диёри зархезро, ки қаламрави салтанатҳои гуногун буд, бештар бо номҳои «Шумон» ё «Шомон» ном мебурданд.
Ҳисор дар ҳама давраҳои таърих, аз давраи қадим то давраи асрҳои миёна ҳамчун шаҳри тараққикарда, маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва мадании водии Ҳисор ба шумор мерафт.
Ҳоло имкониятҳои сайёҳии шаҳр дар маводи тарғиботӣ-ташвиқотии соҳаи сайёҳӣ, ки аз тарафи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонида мешаванд, мунтазам инъикос шуда, ширкатҳои сайёҳии мамлакат низ ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тавассути пешкаш намудани хатсайрҳои нав ба шаҳри Ҳисор тариқи шаҳри Душанбе тадбирҳои судманд андешидаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2018 аз мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор 38 374 меҳмонону сайёҳон дидан намуданд, ки аз ин шумора 7983 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 ба Қалъаи Ҳисор 27442 нафар меҳмонон аз дохилу хориҷи ҷумҳурӣ ташриф оварданд, ки аз ин шумора 6479 нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.