Дар Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии мусофиркашонӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. 17-18 сентябри соли равон дар меҳмонхонаи «HYATT REGENCY»-и шаҳри Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии мусофиркашонӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар форуми мазкур роҳҳои рушди ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ, моделҳои ҳамкории дуҷониба дар самти ҳамлу нақли бор ва мусофирон, шаклҳои муттаҳид намудани онҳо ва комплекси мусофиркашонӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Инчунин рӯзномаи ҷаласа муҳокимаи арзиши роҳкиро, такмилдиҳии тартиби фурӯши чиптаҳо ва ворид намудани технологияҳои муосири иттилоотиро дар нақлиёти мусофирбар фаро мегирад.
Дар назар аст, ки дар форум муовини директори генералии ҶСК «Роҳи оҳани Россия» Дмитрий Пегов, муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Баҳром Шодиев, роҳбари Дирексияи Шӯрои нақлиёти роҳиоҳани давлатҳои узви ИДМ Виктор Попов, роҳбарони хадамоти ҳамлу нақли мусофирони роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии ИДМ ва дигарон иштирок намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи форум инчунин муовини директори генералии ҶСК «Роҳи оҳани Россия» Дмитрий Пегов ва роҳбари КВД «Мусофиркашонӣ» -и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Шералӣ Қурбонов бо доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир менамоянд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






