Дар Душанбе Шоми дӯстии Тоҷикистон ва Полша доир мегардад

Сентябрь 10, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 10.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 12 сентябр, соати 18:00, дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳти унвони «Шоми дӯстии Тоҷикистон ва Полша» барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар барномаи мазкур сарояндаи номии поляк Анита Фигел ва ҳунарпешаҳои Ансамбли рақси миллии назди Академияи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Юзеф Пилсудскийи Ҷумҳурии Полша рақсу суруд ва оҳангҳои халқиву анъанавӣ, инчунин санъати касбиашонро манзури тамошобинони тоҷик мегардонанд.

Дар даромадгоҳи театр намоиши осори рассоми машҳур Леон Баршчевский доир ба Тоҷикистон барои дӯстдорони санъати тасвирӣ ба маъраз  гузошта мешавад.

Сентябрь 10, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон