Дар Фестивали шаҳрии «Таомҳои миллӣ» намояндагони ноҳияи Фирдавсӣ ҷойи аввалро сазовор гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Фестивали шаҳрии «Таомҳои миллӣ» баргузор гардид, ки аъзои ҳакамон ба намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҷойи аввалро сазовор донистанд. Ҷойи дуюм насиби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино гардид. Мақоми сеюмро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ соҳиб шуданд. Ҳамчунин роҳбарияти тарабхонаи «Яккачинор» ва дигар мақомот барои иштироки фаъолона дар Фестивали мазкур бо «Сипоснома»-ҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд. Мукофотҳоро ба ғолибони Фестивал муовинони Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва Умед Гуреззода тақдим намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар Фестивал ҳунармандони чор ноҳияи шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Ин кадбонуҳои чирадаст ошҳои палов, буридаю туппа, шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, ширкаду, шакароб, қурутоб, фатирмаска, далда, гандумкӯча, мошубиринҷ, мастоба, угро, манту, тушбера, гӯштбирён, кабоб, мурғбирён, тухмбирён ва даҳҳо номгӯи дигари таомҳои миллии тоҷиконро болои дастурхон гузошта буданд, ки бо ориоиши зебо яке аз дигаре ба назар лазизтар менамуд.
Пазандагони моҳир ба иштирокдорони Фестивал хусусиятҳои таомҳои омоданамудаи худро баён дошта, аз ҷумла шарҳ доданд, ки барои чӣ тоҷикон қурутобро дар фасли сармову шакаробро дар гармо омода ва тановул менамоянд.
Онҳо ҳамчунин ба ҷамъомадагон оид ба тарзи тайёр намудани ошҳои буридаву туппа, дар бораи фоидаовар будани биринҷоба ҳангоми бемории зуком ва дигар паҳлӯҳои барои саломатӣ муфиди баъзе аз таомҳои миллӣ маълумот доданд.
«Воқан ҳам, баргузор намудани чунин озмуну фестивалҳо барои мо, ҷавонон хеле муҳим аст. Масалан ман то имрӯз фикр мекардам, ки ҳама намуди кабудиро дар пухтани таомҳои миллӣ истифода бурдан мумкин аст. Аммо дар ин фестивал аз кадбонуҳо фаҳмидам, ки дар шакароб илова кардани пудина зарур асту дар омодасозии баъзе таомҳо аз он набояд истифода бурд. Зеро ба таъми хӯрок халал ворид месозад. Ин фестивалҳо барои зиёд шудани теъдоди пазандаҳои моҳир ва ба таври шоиста муаррифӣ намудани таомҳои миллиамон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд»,- иброз дошт корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Мавзуна Раҳматуллозода.
Дар Фестивал зикр шуд, ки даврҳои якум ва дуюми фестивал тибқи муқаррароти низомномаи Фестивали ҷумҳуриявии «Таомҳои миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019, ки бо фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2019 тасдиқ шудааст, баргузор карда шуданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки фестивал бо мақсади иҷрои банди 13 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, инчунин бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 роҳандозӣ мегардад.
Бояд хотиррасон кард, ки теъдоди зиёди таомҳои миллии тоҷикон бо мурури замон аз ёди наслҳо рафта, имрӯз мавриди пухтупаз қарор намегиранд. Ҳадафи баргузор намудани чунин фестивалҳо ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, муаррифии занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибистеъдод мебошад.
Оши палов, шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, ширкаду, ордбирён, тухмшӯрбо, пиёзпиёба, лӯбишӯрбо, дӯлмашӯрбо, баракшӯрбо, моҳишӯрбо, мошубиринҷ, мастоба, мастобаи қиммадор, угро, манту, тушбера, қурутоб, суманак, самбӯса, гӯштбирён, кабоб, мурғбирён, тухмбирён ва бисёр дигар номгӯи таомҳои миллии тоҷиконро метавон номбар намуд, ки пухтупази онҳо ҳамчун ҳунарҳои суннатии аҷдодӣ то ба имрӯз ба мерос мондааст.
Рухсораи НУР,
Тоҳирҷон САИДЗОДА,
АМИТ»Ховар»






















Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






