Дар Норак Озмуни вилоятии «Нақши ҷамоат дар рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва фармоиши Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносии котибону коргузорони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳо дар рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, риояи тартибот, одоби муошират, беҳтар намудани худидоракунӣ, таҳкими мустақилият ва ороишоти ҳуҷраҳои корӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон Озмуни вилоятии «Нақши ҷамоат дар рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» баргузор гардид.
Дар озмун раиси шаҳр Ҳилолбӣ Қурбонзода, сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Зинатгул Сафарзода, собиқадорони соҳа аз вилояти Хатлон, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои деҳот, кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва маориф иштирок намуданд.
Бо мақсади муайян намудани маҳорату малакаи суханронии котибони ҷамоатҳои деҳот дар озмуни мазкур ақди никоҳи ду ҷуфт навхонадорон дар вазъияти тантанавӣ ба қайд гирифта шуд. Ҳамзамон ба 2 модари хушбахт шаҳодатномаи таваллуди навзодон ва ба оилаҳои намунавӣ, навхонадорон ва модарон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Баъди ҷамъбасти озмун аз ҷониби ҳунармандони ҷамоатҳои деҳоти Дўконию Пули Сангин дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунарҳои мардумии пазандагию дўзандагӣ ба намоиш гузошта шуданд.








ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд






