Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои «Чин аз нигоҳи ман» доир гардид
ДУШАНБЕ, 25.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши байналмилалии аксҳо таҳти унвони «Чин аз нигоҳи ман» бахшида ба 70-умин солгарди Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор гардид.
Дар намоишгоҳ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, мақомоти роҳбарикунандаи Чин, роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин нафароне, ки аксҳои худро ба намоиш гузоштаанд, иштирок намуданд
Намоишгоҳро Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бин ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки “Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои дӯст ва бародар бо Чин мебошад. Аз он нафароне, ки сарзамини Чинро бо чунин аксҳои хотиравӣ муаррифӣ менамоянд, сипосгузорам”.
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода дар тақвияти гуфтаҳои Сафир иброз намуд, ки “Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Инчунин он барои густариши ҳамкории фарҳангӣ нақши босазо дорад”.
Дар намоишгоҳ беш аз 350 акс аз ҷониби иштирокчиёни тоҷик пешниҳод гардида буд.
Аксҳои иштирокдоронро ба се гурӯҳ тақсим намуда, ба ғолибон аз ҷониби Сафорати Чин туҳфаҳо ва сипосномаҳо тақдим гардиданд.
Яке аз иштирокчиёни ин намоишгоҳ, мухбири хабаргузории «Авесто» Абдураҳмон Раҳмонов, ки сазовори ҷойи аввал гардид, иброз дошт, ки “ман ду бор ба Чин сафар намудаам. Дар сафарҳоям ҳамеша пешравиҳои ин давлат бароям ҷолиб буд ва аз он маконҳо акс мегирифтам. Имрӯз ман Ҷумҳурии Мардумии Чинро аз нигоҳи худам муарифӣ намудам”.
Гӯшаи ин намоишгоҳ аз 24 сентябр то 10 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин 1 октябри соли 1949 соҳибистиқлол гардидааст. Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли 1992 барқарор гардидаанд.
Сафорати Чин дар Тоҷикистон фаъолияти худро 13 марти соли 1992 оғоз намуда, 7 апрели соли 1997 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин ба фаъолият пардохт.
Чин калонтарин сармоягузор ва шарики тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад. Робитаҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи иқтисод дар ҳамсоягии якдигар ҷойгир будани давлатҳо, инчунин дар мавҷуд будани иқтидори муайяни захираҳои табиӣ ва транзитӣ асос меёбад. Айни замон ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзиву маориф ҷараён дорад.
Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкатҳои чинӣ тасмим гирифтааст, ки то соли 2020 ҳаҷми истихроҷи тиллоро то 5-7 тонна дар як сол расонад.
Ҳамчунин сармоягузорони чинӣ дар конҳои ангиштсанг, фосфор, қалъагӣ, оҳан, сурма ва металлҳои нодир кор мекунанд. Имрӯз беш аз 300 ширкату корхонаҳои Чин дар рушду пешрафти мамлакати мо саҳм мегузоранд.
Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи ду давлат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.











ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






