Дар шаҳри Бӯстон даври аввали Фестивали «Ҷилваи рангҳо» доир гардид

Сентябрь 21, 2019 10:07

БӮСТОН, 21.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон даври аввали Фестивали «Ҷилваи рангҳо» доир гардид. Фестивали мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори раиси вилояти Суғд аз 22 августи соли 2019 баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории фестивали мазкур тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, рушди соҳаи саноати сабук, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи намудҳои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ мебошад.

Фестивал аз рӯи бахшҳои «Беҳтарин либоси қадима ва муосири кӯдакону наврасон», «Беҳтарин либос барои персонажҳои афсонавӣ», «Беҳтарин либосҳои рӯзмарраи духтарон ва занон», «Беҳтарин либос барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон», «Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси фароғатӣ» ва «Беҳтарин либос барои хона ва корхона» баргузор гардида, дар он зиёда аз 90 нафар кӯдакону духтарон ва бонувони касбу кори гуногун ширкат намуданд.

Муовини раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода оид ба моҳияти баргузории фестивал сухан гуфта, ба иштирокдорони фаъол сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд. Беҳтаринҳо барои иштирок дар даврии вилоятии Фестивал роҳхат гирифтанд.

Дар ҷараёни Фестивал ҳунармандони бахши фарҳанг бо пешниҳоди суруду тарона ва ҳунарнамоӣ табъи иштирокдоронро болида гардониданд.

Сентябрь 21, 2019 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид