Дастаҳои махсуси Вазорати мудофиа дар машқҳои Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии ИДМ баҳои баланд гирифтанд

Сентябрь 18, 2019 10:40

ДУШАНБЕ, 18.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои муҳорибавии дивизияи зинетӣ-ракетии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқҳои муштараки низомии Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовори баҳои баланд гардиданд.

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дастаҳои мазкур  аз рӯйи мушакҳои мудофиаи зиддиҳавоии «Печера 2-М» мушакандозӣ намуда, ҳадафҳои ниҳоии ба онҳо муайяншударо, ки дар фазо таҷассуми душманони шартӣ буданд, пурра ва бехато зада афтониданд.

Ба иттилои манбаъ, дастаи тоҷикистониён зимни анҷоми машқҳо, ки дар машқгоҳи Ашулуки вилояти Астрахани Федератсияи Россия таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ-2019» ҷараён доштанд, ба ин баҳо сазовор дониста шуданд.

Бояд гуфт, ки дар машқҳои муштарак роҳбарону намояндагони вазоратҳои мудофиаи мамлакатҳои аъзои Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, гурӯҳҳои фаврӣ, дастаҳои муҳорибавӣ ва беш аз чор ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ин машқҳо Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ генерал-лейтенант Раҳмоналӣ Сафарализода ва дастаи муҳорибавии зинетӣ-ракетии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ таҳти роҳбарии муовини фармондеҳи он полковник Абдухолиқ Қодиров намояндагӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар ин машқҳои муштарак ҷузъу томҳои тақрибан 20 дивизияи зинетӣ-ракетӣ, ҳавопаймоҳои ҷангии Су-27, Миг-29-31, Су-24-25, Ту-22-160, Ту-95 ва чархболҳои Ка-27 ва дастаҳои мухталифи зидди ҳавоӣ истифода гардиданд.

«Машқҳои муштараки навбатии Системаи муттаҳида дар ҳамоҳангӣ ва аз рӯйи мавзӯи пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марзи ҳавоӣ, ки гӯё душмани шартӣ ба сӯйи яке аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зарбаи мушакӣ равона месозад, ташкилу ба роҳ монда шуданд»,- афзуд манбаъ.

Дар «Иттиҳоди ҷангӣ-2019» мушакҳои С400 «Триумф» истифода карда шуданд, ки аз ҷониби нозирони ҳарбӣ ба тавонии он дар самти нобуд кардани ҳадафҳои муайяншуда баҳои баланд дода шуд.

Бояд гуфт, ки байни дивизионҳои зинетӣ-ракетии кишварҳои аъзои Системаи муттаҳидаи дар машқҳо ширкаткунанда бо истифода аз ҳавопаймоҳои мухталифи ҷангӣ ва мушакҳои мудофиаи зиддиҳавоии С300 «Фаворит» ва маҷмӯи мушакҳои тӯпдори наздикамалкунандаи «Пансир С», ки қобилияти несту нобуд сохтани ҳадафҳои зиёд ё худ ҳавопаймоҳои бесарнишинро доро мебошанд, амалиёти муштарак доир карда шуд.

«Пас аз анҷоми машқҳо аз ҷониби фармондеҳии давлатҳои узви ИДМ ба иштирокчиёни машқҳо туҳфаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуд», — афзуд манбаъ.

Сентябрь 18, 2019 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд