Дилшод Назаров: «Бо тамоми масъулият эълон мекунам, ки ҳамаи ҷоизаҳоро дар натиҷаи муборизаҳои ҳақиқӣ ба даст овардаам»

Сентябрь 26, 2019 10:08

ДУШАНБЕ, 26.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Гурзандози маъруфи  тоҷик  ва чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар соли 2016 Дилшод Назаров гуфт, ки аз хабари ба истифодаи допинг гумонбар шудану маҳрум гардидан аз ҳаққи ширкат дар чемпионати ҷаҳон сахт ҳайратзада гардидааст, навиштааст имрӯз шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН.

Дилшод Назаров, ки барои ширкат дар чемпионати ҷаҳон дар Қатар қарор дошт, гуфт, барои сафед кардани номаш адвокати аврупоӣ гирифтааст ва умедвор аст, ки мухлисон ӯро дар ин рӯзҳои сахт дастгирӣ мекунанд. Ӯ гуфт, ки «бо тамоми масъулият эълон мекунам, ки ҳамаи ҷоизаҳоро дар натиҷаи муборизаҳои ҳақиқӣ ба даст овардаам».

Роҳбарияти мақомоти варзиши Тоҷикистон низ ба допинг истифода бурдани Дилшод Назаров бовар надоранд. The Athletics Integrity Unit, ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук 24  сентябр номи Дилшод Назаровро ба истифодаи допинг муттаҳам ва аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои минбаъда  маҳрум кард. Дар ин бора аз Кумитаи миллии  олимпӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба навиштаи созмон, тафтиши дубораи допинг дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон дар соли 2011 дар Кореяи Ҷанубӣ «дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯи метаболити туринаболи даҳонӣ (metaboliteof oralturinabol)-ро ошкор кард».

Дилшод Назаров мегӯяд, тамоми талоши худро ба харҷ хоҳад дод, то ҳамаи гумонҳо нисбат ба ӯ рафъ шаванд. «Умед дорам, ба зудӣ номи неки худро барқарор кунам ва бори дигар парчами Ватанро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боло бардорам. Барои пуштибонӣ ва дарки шумо умед дорам»,-гуфтааст ӯ.

Дилшод Назаров феълан дар Қатар қарор дорад. Созмони мустақили The Athletics Integrity Unit, ки номи гурзандози тоҷик ва барандаи бозиҳои олимпии соли 2016-ро дар феҳрасти гумонбарон дар истеъмоли допинг шомил кард, мегӯяд, Дилшод Назаров бояд ба таври ҳатмӣ муқаррароти худдорӣ аз иштирок дар мусобиқаҳоро иҷро кунад.

Дафтари матбуоти ин созмон дар шарҳи қарор 25  сентябр     навиштааст, ки  «дар сурате ки варзишгар тавонад собит кунад, ки нақзи муқаррароти зиддидопингӣ бо истеъмоли маҳсулоти олуда бастагӣ мегирад, ин қарор бекор мешавад. Вале ин тасмим ба қарори муваққатан аз ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум шудани варзишгар дар паи истеъмоли маводи олуда таъсир надорад ва бозбинӣ намешавад».

Дар Тоҷикистон ба иддаои ин созмон бо шубҳа менигаранд. Раиси Созмони миллии зиддидопингии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода гуфт, Дилшод Назаров пас аз ширкат дар Олимпиадаи соли 2016 аз ташхиси допинг гузашт ва «покиза» баромад.

Ӯ гуфт, «19   августи соли 2016 намояндагони Оҷонси байналмилалии зидди допинг (WADA) пешоби Дилшод Назаровро ташхис карданд. Бар асоси қоидаҳои WADA агар ташхис нишон медод, ки варзишгар маводи мамнӯъ истеъмол кардааст, ба ӯ дар муддати даҳ рӯз хабар медоданд ва ӯ муҷозот мешуд».

Абдуллоев афзуд, дар ин муддат касе аз WADA ба Дилшод Назаров ва созмонҳои варзишии марбута занг назадааст ва ё номаи расмӣ нафиристодааст: «Ин маънои онро дорад, ки Дилшод Назаров аз ташхиси допинг бо сарбаландӣ гузаштааст ва мо бовар надорем, ки ӯ аз маводи барои варзишгарон мамнуъ истифода карда бошад».

Моҷарои допинг ё истеъмоли маводи дорувории барои варзишгарон мамнуъ вақтҳои охир дар расонаҳои хабарии ҷаҳон ба мавзӯи доғ табдил шудааст. Бисёре аз варзишгарони маъруфи ҷаҳон барои истеъмоли маводе, ки онҳоро Оҷонси байналмилалии зидди допинг (WADA) ба феҳристи доруҳои мамнӯъ дохил кардааст, муҷозот шудаанд.

Бояд зикр кард, ки   то имрӯз ба Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин бора ягон ҳуҷҷати расмӣ нарасидааст.

Сентябрь 26, 2019 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид