Директори осорхонаи Бадахшон: «Ҳадафи мо ҳимояи мероси моддию маънавии мардуми тоҷик аст»

Сентябрь 27, 2019 12:09

ХОРУҒ, 27.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони осорхонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади муаррифии маконҳои таърихӣ ва ҳунарҳои қадимии мардумӣ дар деҳаи дурдасти Ямғи водии Вахони ноҳияи Ишкошим  конфронси илмӣ-амалӣ ва намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони маҳаллиро баргузор карданд.

Директори осорхонаи вилоятӣ Хушомад Алидод гуфт, ки «конфронси илмӣ-амалӣ ба ҳаёту эҷодиёти шоир, мунаҷҷим ва файласуфи асри 19, зодаи ҳамин деҳа Суфӣ Муборакқадами Вахонӣ бахшида шуд. Сокинони деҳа дар давоми бештар аз 180 сол хонаеро, ки дар он Мубораки Вахонӣ ба дунё омадаву тамоми осори илмию адабиашро дар он  эҷод кардааст, ба осорхона табдил доданд. Дар гӯшае аз ин хона асбобҳои мусиқӣ, осори назмию насрӣ ва илмӣ, дар гӯшаи дигар асбобҳои рӯзгори он замон гирдоварӣ шудаанд. Дар ҳавлии манзил расадхонаи хурде, ки ба воситаи он фарорасии иди Наврӯзро муайян мекард, ҳанӯз ҳам побарҷост».

Номзади илми таърих Аловиддин Шоинбеков Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021-ро барои омӯзиши маконҳои таърихӣ ва муаррифии ин мавзеъҳо ба сайёҳони ватанию хориҷӣ  фурсати мусоид мешуморад. «Баъди таъмиру навсозии осорхона ва ба намоиш гузоштани нигораҳои гуногуни таърихию фарҳангӣ он таваҷҷуҳи зиёди сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намуд. Ин барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии деҳотиён ва инфрасохтори худи деҳа низ мусоидат кард»,-мегӯяд мавсуф.

Қабл аз оғози конфронси илмӣ-амалӣ ҳунармандони маҳаллӣ маҳсулоти дастии худро ба намоиш гузоштанд. Ба гуфтаи олимони соҳаи мардумшиносӣ, нақшу нигори тоқиҳо, миёнбанду шерозаҳои занони вахонӣ аз дигар манотиқи мамлакат фарқ дорад. Ҳар як нақш рамзи хоси худро дошта, бештарашон шаклҳои геометрии росткунҷа доранд. Дар ҳоле ки дар дигар минтақаҳо шакли нақшу нигор ба таври доира тасвир ёфтааст.

Директори осорхонаи вилоятӣ гуфт, ки ба хотири ҳифзи мероси моддию маънавии ниёгон минбаъд низ баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар дигар деҳоти вилоят идома меёбад.

Сентябрь 27, 2019 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд