Директори осорхонаи Бадахшон: «Ҳадафи мо ҳимояи мероси моддию маънавии мардуми тоҷик аст»
ХОРУҒ, 27.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони осорхонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади муаррифии маконҳои таърихӣ ва ҳунарҳои қадимии мардумӣ дар деҳаи дурдасти Ямғи водии Вахони ноҳияи Ишкошим конфронси илмӣ-амалӣ ва намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони маҳаллиро баргузор карданд.
Директори осорхонаи вилоятӣ Хушомад Алидод гуфт, ки «конфронси илмӣ-амалӣ ба ҳаёту эҷодиёти шоир, мунаҷҷим ва файласуфи асри 19, зодаи ҳамин деҳа Суфӣ Муборакқадами Вахонӣ бахшида шуд. Сокинони деҳа дар давоми бештар аз 180 сол хонаеро, ки дар он Мубораки Вахонӣ ба дунё омадаву тамоми осори илмию адабиашро дар он эҷод кардааст, ба осорхона табдил доданд. Дар гӯшае аз ин хона асбобҳои мусиқӣ, осори назмию насрӣ ва илмӣ, дар гӯшаи дигар асбобҳои рӯзгори он замон гирдоварӣ шудаанд. Дар ҳавлии манзил расадхонаи хурде, ки ба воситаи он фарорасии иди Наврӯзро муайян мекард, ҳанӯз ҳам побарҷост».
Номзади илми таърих Аловиддин Шоинбеков Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021-ро барои омӯзиши маконҳои таърихӣ ва муаррифии ин мавзеъҳо ба сайёҳони ватанию хориҷӣ фурсати мусоид мешуморад. «Баъди таъмиру навсозии осорхона ва ба намоиш гузоштани нигораҳои гуногуни таърихию фарҳангӣ он таваҷҷуҳи зиёди сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намуд. Ин барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии деҳотиён ва инфрасохтори худи деҳа низ мусоидат кард»,-мегӯяд мавсуф.
Қабл аз оғози конфронси илмӣ-амалӣ ҳунармандони маҳаллӣ маҳсулоти дастии худро ба намоиш гузоштанд. Ба гуфтаи олимони соҳаи мардумшиносӣ, нақшу нигори тоқиҳо, миёнбанду шерозаҳои занони вахонӣ аз дигар манотиқи мамлакат фарқ дорад. Ҳар як нақш рамзи хоси худро дошта, бештарашон шаклҳои геометрии росткунҷа доранд. Дар ҳоле ки дар дигар минтақаҳо шакли нақшу нигор ба таври доира тасвир ёфтааст.
Директори осорхонаи вилоятӣ гуфт, ки ба хотири ҳифзи мероси моддию маънавии ниёгон минбаъд низ баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар дигар деҳоти вилоят идома меёбад.









Имрӯз дар Бохтар Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад
«Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
ЁДИ ШОИР. Дар Ҳисор ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ доир шуд
7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Рушди соҳаи иттилоот ва алоқа дар Тоҷикистон ба рақамикунонии миллӣ равона гардидааст
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Ян Браату: Дастрасӣ ба иттилои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд аст
Меҳмонони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
«ХУТТАЛИ ҚАДИМ…». Ба муносибати 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи илмӣ аз чоп баромад
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026» иштирок намуданд






