Франс Вессиг аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд

Сентябрь 26, 2019 17:03

ДУШАНБЕ, 26.09.2019 АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр  Директори генералии ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати федеролии рақамӣ ва иқтисоди Ҷумҳурии Австрия, ҳамраиси қисми австриягии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва саноатӣ бо ҳамроҳонаш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан  намуданд.

Франс Вессиг  ҷиҳати  иштирок дар ҷаласаи 7-уми Комиссияи зикршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Меҳмонро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта, бо онҳо аз ҷониби кормандон дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.

Меҳмонон аввал  аз харитаи «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон» дидан намуда, сипас ба  тамошои дигар шуъбаҳо ва толорҳои намоишӣ, аз қабили «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Сомониён», «Хушнависӣ», «Сиккаҳо», «Истиқлолият» ва «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дидан намуда, чунин шоҳкориҳои аҷдодони мо диққати онҳоро ҷалб намуд.

Ҳамчунин меҳмонон бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, шурӯъ аз асри санг то замони муосир ва дастовардҳои замони истиқлолият, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик шинос гардида, аз таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бештар огаҳӣ пайдо намуданд.

Бо изҳори хушҳолӣ аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Директори генералии ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати федеролии рақамӣ ва иқтисоди Ҷумҳурии Австрия, ҳамраиси қисми австриягии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва саноатӣ Франс  Вессиг чун анъана дар китоби ёддоштҳои «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти неки худро дарҷ намуд.

Ёдовар мешавем, ки Франс  Вессиг бо ҳамроҳонаш  23 сентябр бо мақсади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла тақвият додани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва саноатӣ, ҷалби сармояи австриягӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ ва сайёҳӣ  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.

Сентябрь 26, 2019 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд