ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба финали Чемпионати Осиё-2020 роҳ ёфт

Сентябрь 23, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 23.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба  футбол   дар бозии охиринаш дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии  Осиё-2020  дастаи мунтахаби наврасони Урдунро бо ҳисоби 5:2 мағлуб намуда, дар гурӯҳи «А» мақоми аввал касб намуд ва ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Бояд зикр кард, ки  ин бозии ҷолиби  гурӯҳи «А» дар шаҳри Зарқаи Урдун, дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад дар сатҳи баланду хотирмон доир гардид. Голҳои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Раҳматшо Раҳматзода, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Хусрав Тоиров, Суннатулло Азизов ва Муҳаммадворис Саидалиев ба ҳадаф расониданд.

Дар бозии дигари даври охирини гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби  Непал дастаи мунтахаби Шри-Ланкаро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон   бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи «А», ки аз  14  то 22  сентябр  дар Урдун баргузор шуд, дар ҳамаи чор бозиаш ғолиб омад ва дар ин гурӯҳ бо 12 имтиёз ҷойи аввалро соҳиб гашт.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ба қисми ниҳоии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 16  сентябр то 3  октябри соли 2020 дар Баҳрайн доир мегардад, роҳхат гирифтанд: Тоҷикистон (гурӯҳи «A»), Ҳиндустон (гурӯҳи «В»), Эрон (гурӯҳи «С»), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи «D»), Қатар (гурӯҳи «E»), Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (гурӯҳи «F»), Чин (гурӯҳи «G»), Австралия (гурӯҳи «Н»), Кореяи Шимолӣ (гурӯҳи «I»), Ҷопон (гурӯҳи «J») ва Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «К»). Инчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо — Яман (гурӯҳи «Е»), Индонезия (гурӯҳи «G»), Ӯзбекистон (гурӯҳи «В») ва Уммон (гурӯҳи «D») ба ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 дар Баҳрайн мушарраф шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистон бори чорум аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё ширкат хоҳад кард. Аз ин пеш футболбозони навраси тоҷик солҳои 2006, 2010 ва 2018 ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқоти қитъавӣ роҳ пайдо карда буданд. Беҳтарин натиҷаи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон медали нуқраи Чемпионати Осиё дар соли 2018 дар Малайзия мебошад.

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои наврасони  то  16-сола

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
Непал – Урдун – 0:7
Кувайт – Шри Ланка – 2:0

Даври 2-юм
Шри-Ланка – Тоҷикистон – 0:8
Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8).

Кувайт – Непал – 1:1

Даври 3-юм
Тоҷикистон – Кувайт – 9:0

Голҳо: Аҳмад Ал-Кандарӣ, 20 – ба дарвозаи худ (1:0). Кабир Салимшоев, 42 (2:0). Кабир Салимшоев, 45+2 (3:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 45+4 (4:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 47 (5:0). Суннатулло Азизов, 68 (6:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 74 (7:0). Меҳрубон Каримов, 77 – аз пеналтӣ (8:0). Хусрав Тоиров, 90+1 (9:0).

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Фахриддин Аҳтамов, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Аббос Андалебов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Меҳрубон Каримов, 74), Муҳаммадворис Саидалиев (Суннатулло Азизов, 60), Кабир Салимшоев (Шаҳриёр Норов, 77), Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ, Ҳукмиддин Шомуродов.

18 сентябр. Зарқа. Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад. 19 тамошогар.

Урдун – Шри-Ланка – 7:0

Даври 4-ум

Непал – Тоҷикистон – 0:7

Голҳо: Муҳаммадворис Саидалиев, 7 (0:1). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 12 (0:2). Муҳаммадворис Саидалиев, 15 (0:3). Муҳаммадворис Саидалиев, 29 (0:4). Хусрав Тоиров, 46 (0:5). Хуршед Давлатзода, 71 (0:6). Муҷовид Шовайсуддинов, 83 – аз пеналтӣ (0:7).

Тоҷикистон: Суҳробхуҷа Юсупов, Фахриддин Аҳтамов, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Аббос Андалебов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Хуршед Давлатзода, 50), Муҳаммадворис Саидалиев, Кабир Салимшоев, Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ (Муҷовид Шовайсуддинов, 53), Ҳукмиддин Шомуродов (Саидҷон Сафаров, 63).

20 сентябр. Зарқа. Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад. 127 тамошогар.

Урдун – Кувайт – 1:1

Даври 5-ум

Тоҷикистон – Урдун – 5:2

Голҳо: Абдулқодир Ал-Алем, 11 (0:1). Адҳам Гҳанем Ал-Редаӣ, 13 (0:2). Раҳматшо Раҳматзода, 24 (1:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (2:2). Хусрав Тоиров, 69 (3:2). Суннатулло Азизов, 77 (4:2). Муҳаммадворис Саидалиев, 82 (5:2).

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Аббос Андалебов (Бежан Нишонбойзода, 84), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Суннатулло Азизов, 69), Муҳаммадворис Саидалиев, Кабир Салимшоев (Муҷовид Шовайсуддинов, 66), Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов.

22 сентябр. Зарқа. Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад. . 1123 тамошогар.

Шри-Ланка – Непал – 0:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи «А»

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 Тоҷикистон 4 4 0 0 29-2 12
2 Урдун 4 2 1 1 17-6 7
3 Кувайт 4 1 2 1 4-11 5
4 Непал 4 1 1 2 4-15 4
5 Шри-Ланка
Сентябрь 23, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд
Паралимпичиёни тоҷик бо 22 медал дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд