«Истиқлол» бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар бозии охири даври 20-уми Лигаи олии Тоҷикистон ғолиб омад

Октябрь 29, 2025 12:30

ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии охири даври 20-уми Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Бозӣ бо ҳисоби 6 бар 2 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин бозии ҷолиб голҳоро аз ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Аянвале Олаолува дар дақиқаи 11-уми бозӣ ҳисобро боз намуд. Рустам Соиров дар дақиқаи 22-юм ҳисобро баробар намуд. Сиёваш Ҳақназарӣ аз паси головари Ризо Деҳқонӣ истифода намуда, дар дақиқаи 27-ум дар ҳисоб дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо ба пеш баровард.

Дар дақиқаи 43-юми бозӣ Амирбек Ҷӯрабоев аз зарбаи пеналтӣ ҳисобро 3 бар 1 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе намуд. Шериддин Бобоев дар дақиқаи 52-юми бозӣ гол зада, Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 78-уми бозӣ голи чаҳоруми дастаи «Истиқлол»-ро ба дарвозаи дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ворид намуд. Масрур Ғафуров дар дақиқаи 80-ум ва Шон Поул Камолафе дар дақиқаи иловагӣ 90+4-ум голҳои панҷум ва шашуми дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо ба нишон расониданд.

Ёдовар мешавем, ки маротибаи аввал дар давоми 9 соли охир дар бозии дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб 8 гол ба қайд гирифта шуд. Дар ин муддат дастаҳо чунин голҳои бештарро ба дарвозаи якдигар ба ҳадаф нарасонида буданд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 37 имтиёз ва 3 бозии захира дар ҷойи дуюм аст. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 33 имтиёз дар зинаи чаҳорум мавқеъ гирифтааст. Дастаи футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар бо 40 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 29, 2025 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд