ФУТБОЛ: Футболбозони навраси Тоҷикистон ба дарвозаи дастаи мунтахаби Кувайт 9 тӯби беҷавоб заданд!
ДУШАНБЕ, 19.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бори дигар исбот намуданд, ки онҳо дар қораи Осиё рақиби арзанда надоранд. Дар бозии нахустини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 футболбозони навраси тоҷик дастаи мунтахаби наврасони Шри – Ланкаро бо ҳисоби калони 8:0 шикаст дода буданд. Дар бозии дуюм дастаи мунтахаби наврасони Кувайтро бо ҳисоби хеле калон- 9:0 мағлуб намуданд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.
Бояд зикр кард, ки дар айни ҳол дастаи мунтахаби наврасони то 16- солаи Тоҷикистон бо касби 6 хол пешсафи ҷадвали гурӯҳи «А» мебошад. Дар даври чорум-20 сентябр футболбозони навраси тоҷик бо дастаи мунтахаби наврасони Непал рақобат мекунанд. Мо боварӣ дорем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ин сабқат низ соҳиби се хол мегарданд.
Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни наврасони то 16-сола
Гурӯҳи «А»
Бозиҳои даври 1-ум
Непал – Урдун – 0:7
Кувайт – Шри Ланка – 2:0
Бозиҳои даври 2-юм
Шри Ланка – ТОҶИКИСТОН – 0:8
Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8).
Кувайт – Непал – 1:1
Бозиҳои даври 3-юм
ТОҶИКИСТОН – Кувайт – 9:0
Голҳо: Аҳмад Ал-Кандарӣ, 20 – автогол (1:0). Кабир Салимшоев, 42 (2:0). Кабир Салимшоев, 45+2 (3:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 45+4 (4:0). Муҳаммадворис Сайдалиев, 47 (5:0). Сунатулло Азизов, 68 (6:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 74 (7:0). Меҳрубон Каримов, 77 – аз пеналтӣ (8:0). Хусрав Тоиров, 90+1 (9:0).
Урдун – Шри Ланка – 7:0
Бозиҳои даври 4-ум
20 сентябр (ҷумъа)
19:00. Урдун – Кувайт
22:00. Непал – ТОҶИКИСТОН
Бозиҳои даври 5-ум
22 сентябр (якшанбе)
19:00. Шри Ланка – Непал
22:00. ТОҶИКИСТОН – Урдун
Эзоҳ: Оғози бозиҳо бо вақти Душанбе








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






