Кумитаи рушди сайёҳӣ: маркетинг ва брендинг омили муҳими рушди сайёҳӣ мебошанд

Сентябрь 12, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 12.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати мобилии «МегаФон Тоҷикистон» дар меҳмонхонаи «Ҳилтон»-и шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии «HiBrand Pamir 2019»-ро дар мавзуъҳои «Маркетинг, бренд ва стратегия» баргузор намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, конференсияи мазкур яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сол дар соҳаи маркетинг ва брендинг ба ҳисоб рафта,  мутахасисони Федератсияи Россия, Украина, Беларус, Озарбойҷон ва Латвияро дар Тоҷикистон ҷамъ овард. Дар конференсияи «HiBrand Pamir 2019» зиёда аз 100 нафар иштирокчиён-меҳмонон, намояндагони ширкатҳои хориҷӣ ва 9 нафар маърузачиён ҳузур доштанд.

Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Ширкати мобилии «МегаФон Тоҷикистон» иштирокчиёнро  хайрамақдам гуфтанд ва  тазаккур доданд, ки баргузории чунин маҳфилҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуда, намунае аз дастовардҳои Тоҷикистон дар бахши сайёҳӣ арзёбӣ мегардад.

Дар  оғози конференсия намоиши мӯд баргузор гардид. Дар он  болопӯшҳое, ки  аз матоъҳои миллии атласу адрас дӯхта шуда буданд, ба маърази тамошо  гузошта шуданд.  Меҳмонон аз либосҳои миллии тоҷикон таассуроти нек гирифта, ба онҳо баҳо баланд доданд.

Конфронсро  директори иҷроияи «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников ифтитоҳ намуд. Намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ ва афзудани шумораи сайёҳон маърӯза намуда, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори навъҳои гуногуни сайёҳӣ буда, алалхусус сайёҳии кӯҳгардӣ дар минтақаи Помир шуҳрати зиёд ва ояндаи калон дорад. Изҳори умед карда шуд, ки баргузории ин чорабинӣ барои сайқал додани донишҳои кормандони соҳаи сайёҳӣ дар самтҳои маркетинг, брендинг ва стратегияи фаъолият мусоидат намуда, самаранокии  кори  ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои соҳа баланд бардошта мешавад.

Сарпарасти  барномаи «Маркетинг ва бренд-менеҷмент» аз мактаби британиягии дизайни шаҳри Москваи Федератсияи Россия  Андрей Пуртов    иброз дошт, ки мақсад аз ин ҷамъомад тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамоҳанг намудани фаъолиятҳои марбут ба сайёҳӣ дар доираи кишварҳои иштирокдор мебошад. Дар идомаи суханронии худ Андрей Пуртов ба иштирокчиёни конфронс  дар бораи «бренд» маълумоти муфассал пешниҳод намуда, иброз дошт, ки «Бадахшони Тоҷикистон яке аз брендҳои сайёҳии  кишвар ба ҳисоб меравад ва он алакай ба қатори 100 мавзеи ҷолиби сайёҳии олам пазируфта шудааст».

Дар қисмати ҷаласаи иттилоотии (инфо-сессия) конференсия  Ҷейхун Иманов (шаҳри Бокуи Озарбойҷон) дар мавзӯи «Бренд таҷриба мебошад», директори Ширкати «Директ Сервис» (шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия)  Татяна Осокина  дар мавзӯи «Хатогиҳои азнавбрендкунӣ», Василий Коршков (Федератсияи Россия) дар мавзӯи «Маркетинг дар соҳаҳо», директори генералии «Ритейл Маркетинг» (Ҷумҳурии Беларус) Татяна Закжевская дар мавзӯи «Тиҷорат», директори генералии «Stayfrst» (шаҳри Смоленски Федератсияи Россия)  Дмитрий Теплухин ва Александр Жустарев (шаҳри Смоленски Федератсияи Россия) дар мавзӯи «Ташкили ҷамъияти шаҳрӣ:  чи гуна он метавонад муҳити шаҳрро иваз намояд»,  Иво Колиниш (Латвия) дар мавзӯи «Маркетинги минтақавӣ»  суханронӣ  намуданд.

Дар охири  ҳамоиш ба иштирокчиён барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаш гардид.

Қобили зикр аст, ки  баргузории чунин ҳамоишҳои арзишманди байналмилалӣ дар Тоҷикистон аз як ҷониб бозгӯи дастовардҳои бемайлони кишвари мо ва афзоиши нузфузи он дар бахши сайёҳӣ бошад, аз ҷониби дигар барои табодули афкору таҷриба, баланд бурдани фарҳанги муосири пазироии сайёҳон, хизматрасониҳои марбута ва муаррифии имкониятҳои  мавҷудаи сайёҳӣ басо муҳиманд.

 

Сентябрь 12, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Имсол дар вилояти Суғд ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи «Таҳкими идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷетӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардид
Дар шаҳри Конибодом корхонаи коркарди зардолу бунёд мешавад
Дар Тошканд ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея баррасӣ шуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Барои дарёфти Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ қабули ҳуҷҷатҳо тамдид карда шуд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид