Маҷаллаи «ЭКО ТАЙМЗ» ҷозибаҳои сайёҳӣ ва туризми экологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар партави Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон, дар шумораи 29 маҷаллаи «ЭКО ТАЙМЗ»-и муассисаи мазкур мақолаи калонҳаҷм ба забони англисӣ дар бораи ҷозибаҳои сайёҳӣ ва туризми экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонида шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мақола маълумоти ҷолиб ва аксҳо оид ба табиат, кӯҳҳою кӯлҳо ва маконҳои зебову дидании ҷумҳурӣ, аз ҷумла Боғи миллии Тоҷикистон (Помир), мамнӯъгоҳҳои табиии «Ромит», «Алмосӣ», «Зоркӯл», Боғи миллию таърихии Ширкент, Боғи миллии Сари Хосор, кӯҳҳои Помир ва Фон, кӯлҳои Сарез, Искандаркӯл ва Ҳафткӯл оварда шудаанд.
Маводи ба нашр расида Тоҷикистони биҳиштосову меҳмоннавозро чун кишвари баландтарин қуллаҳо, бузургтарин пиряхҳои табиӣ, хурӯшонтарин дарёҳо ва нодиртарин навъҳои гиёҳҳо ва ҷонварон муаррифӣ намуда, гардишгаронро ба оғӯши табиати зебои мамлакат мехонад.









Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад






