Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод
ДУШАНБЕ, 20.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд.
Дар даромадгоҳи ноҳия Сарвари давлатро сокинони касбу кори гуногун бо самимияти хосса ва эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.
Барномаи рангини консертии шуъбаи фарҳанги ноҳия, ки бозгӯкунандаи меҳру муҳаббат ва садоқати мардуми Файзобод нисбат ба Пешвои муаззами миллат мебошад, бо маҳорати баланди эҷодӣ ва бисёр ҷолибу диданӣ баргузор карда шуд.
Мақсад аз ташрифи Президенти мамлакат ба ноҳияи Файзобод ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, суҳбату мулоқот бо сокинон ва шинос шудан бо вазъи зиндагии онҳо мебошад.









Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






