Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Корхонаи таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд

Сентябрь 17, 2019 11:59

ДУШАНБЕ, 17.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ба корҳои сохтмонии Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос шуданд.

Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар бунёд мегардад.

Роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж» ба хотири истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки аз ҳисоби маблағҳои ширкат ва таҳвили лизингии дастгоҳу таҷҳизот корхонаи муосири саноатиро дар шаҳри Душанбе  ба истифода диҳанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншооти нави саноатӣ иттилоъ дода шуд, ки дар корхона асосан истеҳсоли дастгоҳҳои идоракунӣ ва мукаммали пастшиддати 0,4 киловолта, лавҳаҳои ҳимояи релеӣ ва автоматикӣ, дастгоҳҳои тақсимотии баландшиддати 6,10 ва 20-киловолта, истгоҳҳои мукаммали трансформаторӣ, пояҳои оҳании гуногун барои низоми равшандиҳии хиёбону гулгаштҳо, равоқпояҳои зеристгоҳҳои барқӣ, пояҳои оҳании хатҳои интиқоли неруи барқ, ҳисобкунакҳои барқӣ ва хати истеҳсолӣ оид ба руҳандуд намудани ҳама гуна конструксияҳои оҳанӣ ба нақша гирифта шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол зиёда аз 1000 дастгоҳи идоракунӣ ва мукаммали пастшиддати 0,4-киловолта, 500 адад дастгоҳи тақсимотии баландшиддати 6, 10 ва 20-киловолта ва беш аз 200 адад истгоҳи мукаммали трансформаториро ташкил дода, бунёди иншоот иқдоми муҳим дар самти истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар дохили кишвар ва бад-ин васила таъмини боэътимоди соҳаҳои гуногуни мамлакат бо неруи барқ мебошад.

Барои истеҳсоли маҳсулот дар корхона дастгоҳҳои муосир, аз ҷумла қолибгарӣ, қаткунӣ, кафшергарӣ, рандакорӣ, харротӣ, рангуборкунии хока, ваннаҳо барои руҳандуд ва дастгоҳҳои коркарди конструксияҳои оҳану тахтасим аз корхонаҳои бонуфузи Аврупо, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо реҷаи ададӣ барномасозӣ гардидаанд, ворид ва васлу насб карда мешаванд.

Муҳлати бунёди ин корхонаи замонавӣ дар пойтахти мамлакат ду сол пешбинӣ гардидааст ва он дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи саноатӣ зиёда 200 нафар бо кори муваққатӣ ва баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 200 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.

Аснои шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, ки сокинон баъди омӯзиши раванди истеҳсолот дар корхонаҳои истеҳсолкунанда ба кор фаро гирифта мешаванд.

Ҳамчунин дар нақша аст, ки дар назди корхона курсҳои бозомӯзии мутахассисон ташкил карда шаванд ва барои танзими лавҳаҳои электронӣ, ки таваҷҷуҳи хоссаро талаб менамояд, 30 дарсади кормандон аз ҳисоби занон ба кор ҷалб мегарданд.

Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани корхона, ки дар он асосан истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба нақша гирифта шудааст, тадбири муҳим дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳамчунин иқдоми бунёди корхона, ки бо мақсади роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридотӣ рӯи даст гирифта шудааст, ба коҳиши раванди воридоти дасгоҳу таҷҳизоти барқӣ, ки феълан аз хориҷ дастрас карда мешаванд, мусоидати фаъол хоҳад кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври устувору доимӣ таъмин намудани аҳолии мамлакатро бо неруи барқ аз ҳадафҳои муҳими худ медонад ва ин раванд дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо роҳи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои дигари тавлиди неруи барқ, баланд бардоштани самаранокии барқтаъминкунӣ дар соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ зина ба зина мавриди татбиқ қарор дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо лоиҳаи иншоот иқдоми роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж»-ро дар самти бунёди корхонаи муосири саноатӣ дар пойтахти мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, зимни суҳбат бо масъулин ҷиҳати иҷрои босифати корҳо, истифодаи масолеҳи сохтмонии аълосифат ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани иншоот дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Гузоштани санги асоси Корхонаи таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе 17.09.2019

Сентябрь 17, 2019 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Гимназияи Нуриддин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ОСОРХОНАИ ТАЪРИХИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Ҳафт калиди тиллоии рамзии он ишора ба ҳафт шаҳри қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон аст
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи пойтахт дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқот намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурӣ ва таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро ифтитоҳ карданд
БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Адолат Раҳмонова: «Бузургӣ ва марди худодод будани Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон лаҳзаҳо аллакай ҳувайдо буд»
ЭҲЁ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ФАРҲАНГИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Роҳи мошингарди деҳаи Ориёно то шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мумфарш мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рашт 5 бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт
Кумаки навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои аз низоъҳои сарҳадӣ зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд