Президенти Франсия Эммануэл Макрон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлолият табрик намуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2019./ АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барқияи табрикӣ ирсол намуда, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо иди миллӣ-28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд. Дар барқияи табрикотии Эммануэл Макрон чунин омадааст:
«Ҷаноби Президент,
Ба муносибати Рӯзи миллии Тоҷикистон мехостам аз номи худ ва аз номи мардуми Франсия табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти саодатмандиву шукуфоиро ба мардуми тоҷик иброз намоям.
Умед дорам, ки бо мусоидати Шумо муносибатҳои наҷиби сиёсии байни кишварҳои мо минбаъд низ таъмиқ хоҳанд ёфт.
Аз ин нигоҳ машваратҳои сеюми дуҷонибаи сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, ки 29 январи соли 2019 доир гардиданд, муваффақомез буданд. Ташрифи котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ Жан –Батист Лемуан ба Тоҷикистон дар таърихи 18 апрели соли равон барои мо имкон фароҳам овард, ки самтҳои ҳамкориҳоямонро тавсеаи бештар бахшем. Изҳори умед менамоям, ки мо чунин ҷараёни хубро дастгирӣ хоҳем кард.
Умед бар он мебандам, ки ҷараёни дар муносиботи мо оғозгардида мубодилаи мушаххаси моро оид ба мавзуоти мавриди манфиатҳои умумӣ тақвияти бештар хоҳад бахшид.
Ҷаноби Президент, аз Шумо қабули изҳори эҳтироми фоиқаи ин ҷонибро хоҳишмандам».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд






