Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалбро дар ноҳияи Мӯъминобод ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия ба фаъолияти Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб расман оғоз бахшиданд.
Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, корхои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2014 шурӯъ шуда, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст.
Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб дар ноҳияи Муъминобод аз 4 ошёна иборат буда, дар он ошхона, шуъбаи барқарорсозии кӯдакона, бахши машваратию ташхисӣ, маъмурият, шуъбаи бақайдгирӣ, маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст, бахши табобатӣ-барқарорсозӣ, табобати интенсивӣ, толори табобати варзишӣ ва шуъбаи барқарорсозии калонсолон, инчунин бахшҳои дигари табобатию барқарорсозӣ ҷойгир мебошанд.
Зимни боздид ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин иншооти табобативу солимгардонӣ дорои беш аз 100 кат, аз ҷумла 26 кати кӯдакона буда, дар ҳуҷраҳои он муосиртарин шароиту имкониятҳои табобату солимгардонии беморони гирифтори дил фароҳам оварда шудааст. Дар осоишгоҳ 65 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.
Пас аз боздид ва шиносоӣ бо шароити осоишгоҳи мазкур, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, табибонро ба хизматрасонии хубу шоиста ба мизоҷон ҳидоят намуданд. Сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкурро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни 28 -умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба табибони ноҳияи Муъминобод арзёбӣ карданд.
Дар ҳамин ҷо дар вазъияти тантанавӣ ба 17 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд. Бояд гуфт, ки ин қишри осебпазири ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои кору фаъолияти онҳо шароити арзанда фароҳам оварда мешавад. Ин ҳама аз татбиқи муваффақонаи сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат дарак медиҳад.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб ҳамзамон як майдончаи варзишӣ бунёд карда шуда, гирду атрофи иншоот ба гӯшаи зебои фароғатӣ табдил дода шудааст.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






