ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кумаки унвонии иҷтимоӣ ба кӣ ва барои чӣ дода мешавад?
ДУШАНБЕ, 07.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Сокини кӯчаи Саҳбои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шаҳло Хайриддинзода ба Агентии миллии иттилотии Тоҷикистон «Ховар» муроҷиат намуда, пурсидааст,ки дар ҷумҳурии мо ба киҳо имтиёзи гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ дода шудааст.
Ба саволи ӯ ҳамоҳангсози Лоиҳаи «Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ»- и назди Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед КАРИМОВ посух медиҳад.
-Кумаки унвонии иҷтимоӣ шакли нави расонидани кумакпулии иҷтимоии давлатӣ мебошад. Он ба оилаҳо ва шаҳрвандоне дода мешавад, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, аз ин ҳолат мустақилона баромада наметавонанд. Кумак дар шакли пул расонида мешавад. Барои он суроғавӣ мегӯем, ки маблағҳои дар буҷети мамлакат бо ин мақсад пешбинишуда барои мардуме, ки дар сатҳи камбизоатӣ қарор доранд, намерасад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат тасмим гирифт, ин маблағҳоро ба таври суроғавӣ танҳо ба оилаҳое равона кунад, ки бештар ниёз доранд. Калимаи «унвонӣ» ҳам аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад.
Барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ шаҳрванд ё сардори оила ба унвони бахши ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ариза навишта, онро бо ду ҳуҷҷат – маълумотнома дар бораи ҳайати оила ва маълумот дар бораи молу амволи аъзои оила ба кумитаи маҳал, ҷамоати шаҳраку деҳот ё идораи моликони манзили ҷои иқомат месупорад.
Бояд варақаи ҳуҷҷатҳои зикршуда аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ё идораҳои манзилию коммуналӣ ва ё кумитаҳои маҳал ройгон дода шаванд. Саҳеҳияти маълумоти аз тарафи шаҳрвандон пешниҳодшуда бо имзои котиби ҷамоат ё сардори идораи манзилию коммуналӣ ва ё раисони кумитаҳои маҳал тасдиқ карда мешавад, ки дар доираи салоҳият ба дурустии онҳо масъул мебошанд.
Шаҳрвандон, вақте ки ҳуҷҷатҳоро пур мекунанд, бояд, ки ба корманди масъули ҷамоати шаҳраку деҳот ё ин ки идораи моликони манзил супоранд. Онҳо дар муддати 10 рӯз бояд дурустии аризаро санҷида бароянд. Баъд аз он ба китоби махсус ба қайд гирифта, давоми 10 рӯз ба бахши ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳр ва ноҳия мерасонанд.
Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат барои як сол таъйин карда мешавад. Ҳаҷми он барои як сол 400 сомонӣ муқаррар шудааст ва ҳар семоҳа ба маблағи 100 сомонӣ ба шаҳрванд ва оилаҳои камбизоат пардохт карда мешавад.
Дар сурати ба охир расидани муҳлати таъйинот оилае, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дорад, яъне вазъи он беҳтар нагардидааст, метавонад боз ба ҷамоати шаҳраку деҳот барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ муроҷиат кунад.
Оилаҳое, ки ба кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ниёз доранд, дар асоси методикаи махсуси муайянсозии оилаҳои камбизоат интихоб мешаванд.
Сатҳи камбизоатии ин ё он оила дар заминаи индикаторҳои молумулкӣ ё демографии оилаҳо муайян карда мешаванд. Айни замон 45 индикаторе ҳаст, ки тибқи он муайянсозӣ сурат мегирад. Масалан, мутобиқи индикатори демографӣ ҳайати оила, теъдоди маъюбон дар оила, шумораи онҳое, ки ба пиронсолӣ расидаву кор намекунанд ва ё занҳое, ки сарварии оиларо бар дӯш доранд ва ғайра ба назар гирифта мешавад. Дигар, индикатори молумулкӣ аст. Яъне, манзили иқоматии оила аз чӣ иборат аст ва аъзои он дар кадом ҳолат зиндагӣ доранд? Умуман, маҷмӯи индикаторҳое ҳастанд, ки агар баъзе аз онҳо сатҳи дороии оиларо муайян кунанд, қисми дигарашон дараҷаи нодории оиларо нишон медиҳанд.
Ба қатори индикаторҳое, ки ҳолати душвори зиндагии оиларо нишон медиҳад, ин мавҷудияти кӯдакони маъюб дар оила, маъюбони гурӯҳи якум, дуюм ва сеюм мебошанд. Ё ки худи сардори оила ба ягон шуғл фаро гирифта нашудааст, бекор аст. Ҳамаи ин дар пурсишномаи махсусе дарҷ ёфтааст ва шаҳрванд – сарвари оила ба онҳо ҷавоб мегардонад, ки ҳар як саволнома вазни қиёсӣ дорад. Агар баъзе пурсишҳо сатҳи хуб доштани оиларо нишон диҳанд, баъзеи дигар нишон медиҳанд, ки сатҳи зиндагии оила душвор аст. Сипас, ҳамаи пурсишҳо дар барномаи махсуси алгоритмии компютерӣ ҳисобу китоб мешаванд ва вазъи зиндагии оила муайян ва дар асоси он кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъйин ва пардохт мегардад.
Якчанд усули огоҳонидани аҳолӣ аз кумаки унвонии иҷтимоӣ мавҷуд мебошад. Кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста дар расонаҳои чопӣ, радио ва телевизион баромад мекунанд. Пайваста суҳбат доир карда мешавад, ки мардум дар бораи механизми расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бохабар шаванд.
Илова бар ин, аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳар сол дастурамалҳо, овезаҳои махсус ва маълумотномаҳо табъу нашр ва ба ноҳияҳо равон карда мешаванд.
Дар ҳар шаҳру ноҳия бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳаст. Ҳамчунин дигар сохторҳои маҳаллӣ ҳастанд, ки ба ин сарукор доранду маълумотро мардум аз онҳо дастрас мекунанд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, ҳастанд оилаҳои дар ҳақиқат камбизоат, ки аз кумакҳо огоҳӣ надоранд. Ин шаҳодати он аст, ки на дар ҳама шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳал огоҳсозӣ ба таври шоиста ба роҳ монда шудааст.
Дар баробари дастрас кардани кумаки унвонии иҷтимоӣ шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат ҷиҳати бархурдор шудан аз имтиёзҳои дигари пешбинишуда барои гирифтани маълумотнома дар бораи сатҳи камбизоатӣ муроҷиат мекунанд.
Онҳо ба муҳлати 12 моҳ бо пешниҳод намудани маълумотнома дар бораи сатҳи камбизоатӣ метавонанд дигар имтиёзҳоро, масалан дар самти тиббӣ низ истифода баранд. Ин маълумотнома дар бораи мақоми камбизоатӣ аз тарафи бахшҳо ва шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрвандон дода мешаванд.
Маблағҳое, ки барои кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҷудо мешаванд, аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошанд ва ҳар сол Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ талаботро таҳия ва ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамояд.
Аммо як нуктаро ёдрас шавем, ки низоми кумаки унвонии иҷтимоӣ паҳлуҳои техникии зиёд дорад. Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат соли 2011 бо пешниҳоди Лоиҳаи «Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ» аз Бонки ҷаҳонӣ 5 миллион доллар грант гирифта буд. Ин маблағ барои таҷҳизот — харидории серверҳои муосири рақамӣ ва барномаҳои компютерӣ, мебелу ҷиҳози даркорӣ барои нуқтаҳое, ки дар минтақаҳо фаъолият мекунанд, равона гардид. Инчунин хароҷот барои омӯзонидани кормандон, чопи дастурамалҳо, ахборномаву маълумотномаҳо низ аз ҳамин ҳисоб аст.