Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии «Композит Т.А.» дар шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 17.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии «Композит Т.А.» оғози расмӣ бахшиданд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби ҶДММ «Авесто Групп» бунёд гардида, дар рафти корҳои бунёдгарӣ қариб 100 нафар мутахассисону бинокорони ботаҷриба ба кор ҷалб мегарданд.
Зимни шиносоии лоиҳаи корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона қубурҳои шишапластикии қутрашон 300 ва 3000 мм истеҳсол гардида, иқтидори солонаи он ба 150 км баробар хоҳад шуд. Қубурҳои мазкур новобаста аз дарозӣ ва ҳаҷм хеле сабук буда, аз лиҳози насбнамоӣ ва истифода хеле сода ва осон мебошанд. Ҳамчунин қубурҳои шишапластикӣ ба фишори баланд тобовар буда, оташбардор ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯянд.
Бино ба иттилои масъулин, барои омода намудани маҳсулот, наздики 60 фоизи ашёи хом аз дохили кишвар дастрас карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки ҳамсола дар ҷумҳурӣ лоиҳаҳои бузург дар соҳаи таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, обёрӣ ва корезӣ, ки аз сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлатӣ, грантҳо ва ё қарзҳои шарикони рушд маблағгузорӣ мегарданд, татбиқ мешаванд. Қубурҳое, ки ҳангоми амалинамоии лоиҳаҳои мазкур истифода мешаванд, асосан аз хориҷи кишвар харидорӣ мегарданд. Акнун баъд аз фаъол кардани корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе, маҳсулоти он ивазкунандаи воридот гардида, ба буҷети мамлакат низ таъсири мусбат хоҳад расонд.
Корхонаи мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ назир надошта, он дар масоҳати умумии 4 гектар бунёд хоҳад шуд ва дар оянда қубурҳои истеҳсолшаванда барои мамлакат маҳсулоти ивазкунундаи воридот ва содиротӣ ба ҳисоб меравад. Корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ давоми 1,5 соли оянда бунёд гардида, дар сурати пурра ба истифода додани он беш аз 100 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиёни коргоҳи мазкур барои иҷрои босифати корҳои бунёдӣ ва дар муҳлати пешбинигардида ба истифода додани он муваффақиятҳо орзу намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд






