Шералӣ Зардов: «Бонкҳои исломӣ солҳои охир буҳроннопазир будани худро бори дигар исбот сохтаанд»

Сентябрь 25, 2019 17:21

 ДУШАНБЕ, 25.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти роҳандозии модели бонкдории исломӣ таҷрибаи бонкҳои исломии кишварҳои   Малайзия, Тунис, Марокаш, Лубнон, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб, Казоқистон ва Қирғизистонро  омӯхта,  истифода кардааст. Ин матлабро зимни нишасти  матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси Раёсати нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон —  «Тавҳидбонк» Шералӣ Зардов ба намояндагони  расонаҳои хабарӣ баён намуд.

Мавсуф афзуд, ки  даҳ сол муқаддам,  аниқтараш соли 2009 дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ ва иқтидор барои роҳандозӣ намудани бонкдории исломӣ фароҳам гардида буд. Соли 2014 дар мамлакат  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» қабул гардид, ки он  асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонки исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, шароити мусоидро барои пешбурди фаъолияти бонкдории исломӣ фароҳам месозад.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси Раёсати  нахустин  бонки исломӣ дар Тоҷикистон бо дахли фаъолият ва хизматрасонии нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон «Тавҳидбонк» гуфт, ки дар марҳилаи нави рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устувор нигоҳ доштани низоми бонкӣ, пешниҳоди маҳсулоти бонкдории исломӣ, ки таҷрибаи устувори пешгирикунандаи хавфҳои молиявиро дорад, метавонад маблағҳои озоди аҳолӣ ва сармоягузориҳои дарозмуддати мустақими хориҷиро ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалб намояд ва замина барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва низоми бонкии ҷумҳурӣ гардад.

Ҳамзамон Шералӣ Зардов роҷеъ ба сохтор, фаъолият, ҳадаф, маҳсулот ва дурнамои нахустин бонки исломӣ дар «Тоҷикистон»  ибрози назар намуда, зикр кард, ки  бонкҳои исломӣ  дар қиёс бо бонкҳои анъанавӣ  солҳои охир  буҳроннопазир будани худро бори дигар  исбот сохтаанд. Ин дар ҳолест, ки аз 40 то 60  фоизи муштариёни бонкҳои исломӣ дар ҷаҳон мардумони ғайримусалмонанд.

Мавсуф афзуд, ки Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи бонкдории исломӣ қадамҳои нахустин гузоштааст. Соҳиби иҷозатнома гардидани аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон «Тавҳидбонк», ки минбаъд барои анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар бозори хизматрасониҳои бонкии мамлакат  фаъолияти худро ба роҳ монда, тавсеа мебахшад, шаҳодати ин гуфтаҳост.

Бояд тазаккур дод, ки 17 сентябр нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон- «Тавҳидбонк» соҳиби иҷозатнома барои фаъолияти бонкдории исломӣ гардида буд. Ба фаъолият шурӯъ кардани аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон барои низоми бонкии ҷумҳурӣ рӯйдоди муҳим арзёбӣ  гардида, саҳифаи наверо дар рушди бонкдории исломӣ дар мамлакат боз намуда, инчунин барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва кушодани бонкҳои нав бо принсипи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, ки нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон «Тавҳидбонк» дар заминаи ҶСК «Соҳибкорбонк»  таъсис дода шудааст. То ҷое мусаллам аст, бо ташабусси саҳмиядорони ҶСК «Соҳибкорбонк», бинобар ба бонки исломӣ табдил додани бонк бо қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорон аз 12 июни соли 2019  номи он ба ҶСК «Тавҳидбонк» табдил дода шуд.

Нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон «Тавҳидбонк» фаъолияти худро дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қонунҳои амалкунандаи мамлакат ба роҳ монда, ба қонуни дини мубини Ислом –шариат, Қуръони Карим ва суннатҳои  Паёмбари ислом Муҳаммад (с.а) такя менамояд.

«Тавҳидбонк» сеюмин бонки исломӣ мебошад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст. Қаблан ду бонки исломӣ дар Қазоқистон ва як равзана дар Қирғизистон таъсис  шуда буд.

                               Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»     

Сентябрь 25, 2019 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд‎
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2486 сомонӣ муқррар шудааст
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1060 сомонӣ муқррар шудааст
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад