ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, шанбе, 264-умин рӯзи соли 2019 аст

Сентябрь 21, 2019 08:00

21 сентябри соли 2010  дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими муаррифии  «Ҳадафҳои Ҳазорсола: дастовардҳои Тоҷикистон» суханронӣ карданд.

***

18  сол пеш, 21 сентябри соли 2001 маросими расмии баистифодадиҳии қитъаи роҳи мошингарди «Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма»  баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка мулоқот намуданд.

21 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии сулҳ.

***

Дар Аргентина – Рӯзи донишҷӯён.

***

Дар Арманистон — Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Бразилия – Рӯзи дарахтшинонӣ.

РӮЙДОДҲО:

21 сентябри соли 2017 дар ИМА Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

21 сентябри соли 1920  Шӯрои комиссарони халқии Украина дар мактабҳо омӯзиши ҳатмии забони украиниро ҷорӣ кард.

***

76 сол муқаддам, 21 сентябри соли 1943 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Исландия муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.

***

21 сентябри соли 1958 дар натиҷаи тӯфони сахт дар Токио зиёда аз 680 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

21 сентябри соли 1991 99% аҳолии Арманистон дар раъйпурсӣ барои ба даст овардани истиқлолият овоз доданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2008 дар марҳилаи финалии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дастаи футболи Тоҷикистон «Регар-ТадАЗ» ғалаба ба даст овард.

***

Соли  1920  аввалин шумораи рӯзномаи чехӣ- «Қонуни конститутсионӣ» нашр шудааст.

 

Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Сентябрь 21, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, панҷшанбе, 279-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, чоршанбе, 278-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, сешанбе, 277-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, душанбе, 276-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, якшанбе, 275-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, шанбе, 274-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, ҷумъа, 273-юмин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, панҷшанбе, 272-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, чоршанбе, 271-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, сешанбе, 270-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, душанбе, 269-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, якшанбе, 268-умин рӯзи соли 2022 аст

Хабарҳои муҳимтарин