ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, якшанбе, 272-юмин рӯзи соли 2019 аст

Сентябрь 29, 2019 08:00

29 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии умумибашарӣ ҷалб намуданд.

***

3 сол пеш, 29 сентябри соли 2016 дар Қасри Миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

29 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии дил.

***

Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ.

***

Рӯзи Конститутсия дар Бруней.

РӮЙДОДҲО:

29 сентябри соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳ ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

***

7 сол пеш, 29 сентябри соли 2011 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳавопаймои нави худ — «Боинг 737-900»-ро муаррифӣ намуд, ки он дар фазои ИДМ нав пайдо шуда буд.

***

29 сентябри соли 2015 ба будубоши дивизияи 201-уми ҳарбии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон  70 сол пур шуд.

***

93 сол муқаддам, 29 сентябри соли 1926 ноҳияҳои Айнӣ, Ашт ва  Нов (ҳозира Спитамен) ташкил ёфтанд.

***

29 сентябри соли 1829 дар шаҳри Лондон бо фармони Вазири вақти корҳои дохилии ин шаҳр Роберт Пиля политсияи гражданӣ таъсис дода шуд.

***

Дар  ин рӯзи соли 1973 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Мексика  зиёда аз 700  нафар ба ҳалокат расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки Тоҷикистон дар раддабандии нави Форуми байналмилалии иқтисодӣ зинаи 77-умро соҳиб шуд.

***

Соли 2000 марди 93-солаи австриягӣ куҳансолтарин одами дунё маҳсуб меёфт, ки мехост ҳуҷҷати ронандагӣ ба даст орад.

 Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Сентябрь 29, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, шанбе, 267-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, ҷумъа, 266-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, панҷшанбе, 265-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, чоршанбе, 264-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, сешанбе, 263-юмин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, душанбе, 262-юмин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, якшанбе, 261-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, шанбе, 260-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, ҷумъа, 259-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, панҷшанбе, 258-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, сешанбе, 256-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, душанбе, 255-умин рӯзи соли 2022 аст