Тамошои мавзеъҳои таърихиву фарҳангии Ховалинг сафирон ва роҳбарони намояндагони дипломатию созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистонро мафтун кард

Сентябрь 2, 2019 16:23

ДУШАНБЕ, 02.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сафирон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон,  аз ҷумла Россия, Британияи Кабир, Афғонистон, Эрон, Қатар, Ҳиндустон, Қирғизистон, Қазоқистон  ва дигар  кишварҳо  сафари сайёҳӣ ба   ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалинги  вилояти Хатлон ташкил гардид. Меҳмонон   аз мавзеъҳои    таърихию фарҳангии ин ноҳияҳо  дидан намуда, бо ёдгориҳо, урфу одати мардуми тоҷик  аз наздик шинос шуданд. Ин иқдом дар  асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 роҳандозӣ гардид.

Тавре мухбирони АМИТ «Ховар» хабар медиҳанд,  нахуст меҳмононро  дар ноҳияи Данғара гарм пазироӣ  намуда,   онҳоро   бо бозёфтҳои нодир, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва осорхонаи ноҳия  шинос намуданд.

Сипас меҳмонон  аз Данғара ба самти ноҳияи Ховалинг раҳсипор гардиданд. Меҳмононро раҳ ба  раҳ мардуми ноҳияи Ховалинг, ки ба пешвози  онҳо баромада буданд, гарму самимӣ истиқбол  гирифта, бо  меҳмоннавозии  гарми тоҷикона хайра мақдам  мегуфтанд.

Кадбонуҳои чирадасти ин ноҳия  меҳмононро ба хӯрдани   нони чаппотӣ, оши  бурида ва дигар хӯрокҳои миллӣ муроот менамуданд. Меҳмонон бо камоли майл ва бо иштиҳои зиёд   аз  таомҳои миллӣ  мечашиданду аз лаззати онҳо ба ваҷд омада, ба мизбонон ҳар лаҳза изҳори миннатдорӣ мекарданд.

 Яке аз сокинони шаҳраки ноҳияи Ховалинг  Ансорӣ Валиев меҳмононро ба хонааш даъват намуда, онҳоро тибқи расму оини тоҷикӣ меҳмондорӣ намуд. Ба хориҷиён  ин меҳмондорӣ   писанд омада, аз он изҳори хушҳолӣ мекарданд. Бо аъзои ин хонавода меҳмонон расмҳои хотиравӣ мегирифтанд ва ба онҳо изҳори сипос менамуданд.

Меҳмонон ҳамчунин аз Хона-музейи шоири шодравон Ҳабибулло Файзулло, ки дар ноҳияи Ховалинг ҷойгир аст,  дидан намуданд. Дар ин ҷо онҳо бо осори адабии шоир ва хаёти  ӯ шинос шуданд.

Сипас меҳмонон  аз мавзеи Таги Ҷар,  бозёфтҳои  таърихии мавзеъҳои  Чиповолу  Чилчанор,  Чашмаи Қазон  дидан намуда,  оид ба  таърихи  ин минтақа   маълумоти  муфассал  пайдо намуданд. Меҳмононро бахусус тамошои  мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ, шиносоӣ  бо Дараи  Мухтор ва  дигар мавзеъҳои  дорои аҳамияти тахрихӣ хуш омад.

Зимни суҳбат ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ  Собирӣ зикр кард, ки  тайи  ду  рӯз  аст  дар ноҳияҳои зебоманзари Данғараву Ховалинг қарор дорем ва сарамон ба осмон расид, ки   мардуми ин диёр моро  мисли бародару хоҳари худ  қабул карданд.

«Дар бораи меҳмоннавозии тоҷикон  бисёр шунидааму  хуб медонистам. Аз лутфу меҳрубонӣ ва пазироии самимонаи онҳо  борҳо бархӯрдор гардидаам.  Аммо то ба  ин дараҷа ба меҳмонон   арҷ гузоштани мардуми тоҷикро бори аввал  аз наздик медидам,  мисле ки   худамро дар ватан эҳсос кардам. Аз  мавзеи таърихии Чилчанори ноҳияи Ховалинг  дидан   намудем,  бо таъриху фарҳанги қадимаи ин  мардум ҳам аз наздик шинос шудем. Воқеан ҳам,  ин мавзеъҳои таърихӣ  аз халқи тамаддунофар будани миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд. Ман  мардуми Ҷумҳурии Исломии  Эронро даъват менамоям, ки аз Тоҷикистони ҳамзабони мо ҳатман дидан намоянд ва аз зебоиҳои табиати нотакрори ин мамлакати офтобрӯя баҳра бардоранд!».

Сипас меҳмонон  дар шаҳраки Ховалинг аз боғи фарҳангӣ, осорхона, бинову иншооти дорои аҳамияти  таърихӣ, инчунин  намоиши ҳунарҳои мардумӣ   дидан намуданд.

Дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» кордори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Саидмаъсум Бадахш чунин иброз дошт: «Мо аз меҳмоннавозии мардуми сарбаланди  ноҳияи Ховалинг  бениҳоят  сипосгузор ҳастем. Ин сафарро хеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. Зеро дар он он қадар самимият ва лутфу меҳрубонӣ дидам, ки дар ягон гӯшаи олам онро вонахӯрдаам».

«Дидани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ,  мавзеъҳои  сайёҳии ин гӯшаи кӯҳистони Тоҷикистонро дер боз орзу доштам. Мамнунам, ки чунин хушбахтӣ насибам гардид ва ман ба орзуи деринаам  расидам. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин  иқдоми наҷиб изҳори сипос менамоям. Чашмаҳои поку шафофи ин мавзеъ, табиати  худододи он моро мафтун карданд.  Ба қадри ин неъматҳои бебаҳои табиӣ, ки Худованд ба мамлакати шумо додааст,   бештар бояд расид. Бахусус дидани   мавзеи таърихӣ – зиёратгоҳи   Султон Увайси Қаранӣ, ки бо ҳидоятҳои  Пешвои миллати тоҷикон  муҳтарам  Эмомалӣ Рахмон бо сифати бениҳоят баланд навсозӣ шудааст, моро хеле хуш омад. Воқеан ҳам Тоҷикистон ва мардуми он таърихи куҳан ва бой доранд, ки мо онро бо чашми сар дидем», -афзуд номбурда.

 Омӯзгори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ, шарқшинос   Зафархон Мирзоиён, ки дар ин маросим меҳмононро роҳбаладӣ мекард,  иброз дошт, ки  «меҳмонон баъди дидани  ёдгориҳои таърихии ноҳияи Ховалинг  шабонгаҳ дар назди осорхонаи Восеъ, воқеъ дар Дараи Мухтори ноҳия гулхан ороста,  барномаи фарҳангӣ ташкил намуданд. Осори хушнудӣ ва қаноатмандиро аз ин сафар дар   чеҳраи ҳар яки онҳо хондан мумкин буд. Онҳо байни ҳам  таассуроти бардоштаашонро ҳикоят мекарданд ва  иброз медоштанд, ки хатман ҳамватанони худро барои саёҳат аз ин мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ  даъват менамоянд. Мегуфтанд, ки ин сафар барояшон хотирмону ҷолиб буд ва табиати Тоҷикистонро нотакрор арзёбӣ мекарданд».

Сипас меҳмонон ба ноҳияи Балҷувон ташриф оварданд. Мардуми ноҳияи Балҷувон низ  меҳмононро бо хушнудӣ пешвоз гирифта, онҳоро бо  ёдгориҳои таърихӣ  шинос намуданд. Меҳмонон  дар ноҳия аз заводи коркарди сангҳои ороишӣ, ки  дар деҳаи Калтачанор ҷойгир аст  ва боғи интенсивӣ дидан намуда, сипас ба дигар ҷойҳо раҳсипор гардиданд. Дар ин рӯз дар ноҳия  ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, хӯрокҳои миллӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шуд.

Меҳмонон аз ноҳияи Балҷувон   бо таассуроти хубу хотирмон ба Душанбе баргаштанд.

Тоҳирҷон САИДЗОДА,
 Сулаймон ХОЛОВ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 2, 2019 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ширкати сармоягузории Озарбойҷон» бо «ТАЛКО» ҳамкорӣ менамояд
Дар Риёз масъалаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти маориф ва илм баррасӣ гардид
Барои дарёфти Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ қабули ҳуҷҷатҳо тамдид карда шуд
Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд