Тоҷикистон ва Австрия дар оянда мубодилаи молро афзун хоҳанд кард

Сентябрь 24, 2019 14:48

ДУШАНБЕ, 24.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид. 

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни ифтитоҳи ҷаласа роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода ва роҳбари  гурӯҳ оид ба муносибатҳои иқтисоди хориҷии Вазорати Федералии рақамикунонӣ  ва робитаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Австрия Франс Вессиг сухан карданд.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ, дурнамои  ҳамкории Тоҷикистону Австрия, инчунин масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва туризмро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки миёни ин ду кишвар имкониятҳо ва иқтидорҳои васеи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва ғайраҳо мавҷуд аст.

Бино ба маълумоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода, дар нимсолаи аввал табодули мол миёни Тоҷикистон ва Австрия 1,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Сол то сол ҳаҷми сармоягузории ширкатҳои австриягӣ афзоиш меёбад. Аз соли 2007 то 2018 ҳаҷми сармояи австриягӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон 230,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Иштирокдорон баргузории ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкории иқтисодиро дар шаҳри Душанбе қадами ҷиддӣ дар самти тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду давлат  маънидод карданд. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва тавсеаи робитаҳои доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Австрия  баррасӣ гардиданд. Инчунин дар ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкории иқтисодӣ имконият ва зарфиятҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории  ҳар ду давлат муаррифӣ гардиданд.

Дар чаҳорчӯбаи Комиссия бо ташаббуси Палатаи Федералии иқтисодии Ҷумҳурии Австрия ва ҷалби намояндагони ширкатҳои ҳарду давлат бизнес-форум баргузор гардид. Дар доираи он ҳайати Австрия бо роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат ва соҳибкорони ватанӣ вохӯрӣ карданд. Дар мулоқотҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъда муҳокима шуданд. Аз ҷумла, ҳарду ҷониб муҳимияти густариш додани ҳамкории дуҷонибаи дарозмуддат дар соҳаҳои энергетика, саноат, савдо, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тиббӣ, нақлиёт, рақамикунонӣ ва технологияи экологиро таъкид намуданд.

Бо мақсади густариш додани муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки ташаббусҳои соҳибкориро оид ба рушд ва васеъгардонии муносибатҳои дуҷониба ҳавасманд гардонанд. Ташкил кардани чорабиниҳои мутақобилаи тиҷоратиро дастгирӣ намоянд, инчунин ҳамкории саноатиро дар созмон додани корхонаҳои муштараки мутақобилан судманд ҳавасманд ва дастгирӣ намоянд. Дар натиҷаи ҷаласа Протокол ба имзо расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки сафари ҳайати расмии Ҷумҳурии Австрия то 26 сентябр  идома ёфта, дар доираи он ҳайат бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ, энергетика ва захираҳои об, молия, саноат ва технологияҳои нав бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Хадамоти гумрук, Палатаи савдо ва саноат, ҶСК «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» мулоқот менамоянд.

Инчунин дар назар аст, ки меҳмонон аз Неругоҳи барқи обии «Норак», Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва мавзеъҳои фарҳангии шаҳри Душанбе боздид намоянд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 24, 2019 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд